IQNA

“ИКНА” расонаи бартари кишвар дар тарғиби иқомаи намоз шинохта шуд

15:56 - December 30, 2024
рақами хабар: 2652
Хабаргузории байналмилалии Қуръони (ИКНА) дар сию якумин иҷлосияи умумии намоз ҳамчун расонаи бартари кишвар дар тарғиби иқомаи намоз муаррифӣ гардид.

Ба гузориши ИКНА, сию якумин иҷлосияи умуминамоз ҳафтаи гузашта дар шаҳри Буҷнурд, маркази вилояти Хуросони Шимолӣ баргузор шуд ва маросими поёнии ин иҷлосия шоми рӯзи 5-уми даймоҳ бо суханронии раисиҷумҳур анҷом ёфт.

Хабаргузории байналмилалии Қуръон (ИКНА) дар сию якумин иҷлосияи умуминамоз ҳамчун расонаи бартари кишвар дар тарғиби иқомаи намоз муаррифӣ гардид.

Ба ҳамин манзур, Ҳомиди Солеҳӣ, мудири равобити умумии Ситоди иқомаи намоз ва чанд нафари дигар аз ҳамроҳон дар хабаргузории ИКНА ҳузур ёфтанд ва зимни мулоқот бо Ҷалил Байтмашъалӣ, мудири кулли ИКНА ва раиси Созмони қуръонии донишгоҳҳои кишвар, бо ироаи лавҳи қадрдонӣ ва ангуштарини эҳдоии раҳбари муаззами инқилоб аз фаъолиятҳои ин хабаргузорӣ дар заминаи тарғиби фарҳанги иқомаи намоз таҷлил карданд.

Дар ин лавҳи қадрдонӣ, ки бо имзои Ҳуҷҷатул-исломи ва-л-муслимин Қироатӣ ба мудири кулли ИКНА эҳдо шудааст, омадааст:

"Тавфиқи хидматгузорӣ ба намоз, нури чашми Паёмбари Ислом (с), болотарин ҳадяи илоҳӣ аст.

Мукофоте, ки шумо бо ҳимоят ва пуштибонӣ аз иқомаи намоз захира мекунед, бузургтарин пасандоз, ҳимоят ва лутфест, ки дар сояи намоз дарёфт мекунед. Ин беҳтарин бимаҳост. Ба ҳамин васила, ба далели пӯшиши муносиб ба хабарҳо ва барномаҳои намоз дар сатҳи кишвар ва тарғиби фарҳанги намоз дар ҷомеа, аз боби “من لم يشكر المخلوق لم يشكر الخالق” самимона қадрдонӣ ва ташаккур менамоям."

ИКНА пеш аз ин низ соли 1398 ҳамчун расонаи бартари кишвар дар тарғиби амри намоз ва муаррифии фаолиятҳои ин соҳа шинохта шуда буд.

https://iqna.ir/fa/news/4256816

captcha