IQNA

Намоишгоҳи нахустини китобҳои исломӣ дар «Алметевск»-и Тотористон

7:02 - January 01, 2025
рақами хабар: 2657
ИКНА - Иттиҳоди нависандагони Ҷумҳурии Тотористон аз баргузор шудани нахустин намоишгоҳи китобҳои исломӣ дар рӯзи 23-уми январ дар масҷиди марказии “Ризоуддин”-и шаҳри Алметевск хабар дод.

Ба гузориши ИКНА, ба нақл аз шабакаи «Ал-Алука», Иттиҳоди нависандагони Ҷумҳурии Тотористон эълом кард, ки баргузории ин намоишгоҳ, ки рӯйдоде беназир маҳсуб мешавад, бо ҳадафи густариши фарҳанг ва андешаҳои исломӣ нависандагон, хонандагон ва муассисаҳои нашриётиро дар саросари Ҷумҳурии Тотористон ҷалб мекунад.

Дар ин намоишгоҳ, ноширон охирин маҳсулоти нашршуда бо мавзуъҳои исломиро ба намоиш мегузоранд ва алоқамандон метавонанд дар ҷаҳони китобҳои исломӣ ғӯтавар шаванд.

Ҳамчунин, дар ин намоишгоҳи китоб маҷмӯи бузурге аз осори адабии қадим ҳамроҳ бо шоҳкориҳои муосир, аз ҷумла нусхаҳои нодир, барои дӯстон ва дӯстдорони адабиёт ба намоиш гузошта хоҳад шуд.

Ширкаткунандагон дар ин намоишгоҳ, ба ҷуз аз коргоҳҳои омӯзишӣ барои кӯдакон, тӯҳфаҳо низ дарёфт хоҳанд кард.

Ин намоишгоҳ аз 23-уми январ, ҳар рӯз аз соати як то шаши баъд аз зӯҳр, дар дохили масҷиди марказии Ризоуддини шаҳри Алметевск баргузор мегардад.

https://iqna.ir/fa/news/4257074

captcha