IQNA

Ҳушдори олими Ал-Азҳар нисбат ба Қуръонҳои таҳрифшуда дар интернет

7:04 - January 01, 2025
рақами хабар: 2658
ИКНА - Абдуҳ Ал-Азҳарӣ, аз уламои Ал-Азҳари Миср, дар бораи мавҷудияти нусхаҳои Қуръон бо оятҳои таҳрифшуда дар интернет ҳушдор дод.

Ба гузориши ИКНА, ба нақл аз «Халиҷиюн», Абдуҳ Ал-Азҳарӣ дар як изҳороти телевизионӣ нисбат ба нашри нусхаҳои интернетии Қуръони Карим, ки таҳрифҳое дар баъзе оятҳои он мушоҳида мешавад, ҳушдор дод. Ӯ бар зарурати таҳқиқи манбаи барномаҳои мобилии истифодашаванда барои тиловат таъкид намуд.

Ин олими Ал-Азҳар ҳамчунин бар аҳамияти зеркашии барномаҳои тасдиқшуда аз сӯи гурӯҳҳои мавриди эътимод, вобаста ба Ал-Азҳар, барои итминон аз дурустии оятҳои Қуръон таъкид кард ва гуфт: кӯшишҳои зиёде дар давраҳои гуногун барои ҳифзи Қуръон аз таҳриф анҷом шудааст.

Абдуҳ Ал-Азҳарӣ бо ишора ба ин ки баъзе барномаҳо фатвоҳое мухолифи шариати исломӣ пешниҳод мекунанд, аз шаҳрвандони мисрӣ хост барои огоҳӣ аз фатвоҳо ба мароҷеи расмӣ такя кунанд, махсусан дар шароите, ки ин мароҷеъ ба осонӣ дар интернет дастрасанд.

Вай дар идома бо ишора ба хатарҳои истифодаи зеҳни маснуъӣ барои огоҳӣ аз умури динӣ гуфт: истифода аз зеҳни маснуъӣ барои фаҳмиши масоили динӣ хатарҳои зиёде дорад. Бо таваҷҷуҳ ба густариши барномаҳои чатҳои ин навъи технология, ин барномаҳо барои пешниҳоди фатво ва маълумот дар бораи умури динӣ мувофиқ нестанд; зеро фатво як кори тахассусист, ки вобаста ба ҳолат ва вазъияти ҳар шахс фарқ мекунад.

Абдуҳ Ал-Азҳарӣ бо таъкид бар он ки фатвоҳо аз муҳаррикҳои ҷустуҷӯӣ ё сайтҳои шабакаҳои иҷтимоӣ гирифта намешаванд, аз ҳама хост барои итминон аз дурустии маълумоти динӣ ва ҳифзи ҳурмати матнҳои қуръонӣ ба мароҷеи расмии динӣ муроҷиат кунанд.

https://iqna.ir/fa/news/4257205

captcha