IQNA

Раҳбари муаззами инқилоб дар маросими солгарди шаҳодати сардори дилҳо:

7:37 - January 02, 2025
рақами хабар: 2664
Стратегияи ҳамешагии шаҳид Сулаймонӣ эҳёи ҷабҳаи муқовимат буд

ИКНА - Раҳбари муаззами инқилоб субҳи имрӯз дар маросими панҷумин солгарди шаҳодати шаҳид сипаҳбуд ҳоҷ Қосими Сулаймонӣ, бо таъкид бар ин ки стратегияи ҳамешагии шаҳид Сулаймонӣ эҳёи ҷабҳаи муқовимат буд, гуфт:

"Дифоъ аз ҳаримҳои муқаддас барои ҳоҷи Қосими Сулаймонӣ як асл буд; ӯ ҳатто Эронро ҳам ба унвони ҳарам тавсиф мекард."

Ба гузориши ИКНА, ба нақл аз пойгоҳи иттилоърасонии дафтари ҳифз ва нашри осори ҳазрати Оятуллоҳ Хоманаӣ, дар остонаи панҷумин солгарди шаҳодати шаҳид сипаҳбуд ҳоҷи Қосими Сулаймонӣ, фармондеҳи марҳуми нерӯи Қудси Сипоҳи Посдорони Инқилоби Исломӣ, хонаводаҳои ин шаҳиди азиз ва ҳамроҳонаш, хонаводаҳои шаҳидони ташаюъ дар соли 1398 ва хонаводаҳои шаҳидони ҳодисаи террористии соли гузашта дар Кирмон субҳи имрӯз, чоршанбе, 2 январ, бо раҳбари муаззами Инқилоби Исломӣ мулоқот карданд.

Дар ин мулоқот, ки дар Ҳусайнияи Имом Хумайнӣ (раҳматуллоҳи алайҳ) баргузор шуд, ҷамъе аз хонаводаҳои муаззами шаҳидон, исоргарон ва фаъолони ҳавзаи муқовимат низ ҳузур доштанд.

Гузидае аз суханони ишон дар ин дидор:

  • Моҳи раҷаб моҳи дуо, ибодат ва тавассул аст. Марқади шаҳид Сулаймониро ҳазорон нафар аз роҳҳои дур ва наздик, ҳатто аз кишварҳои дигар зиёрат мекунанд; ин иззат, подоши дунявии Худованд ба ихлоси ӯст. Стратегияи ҳамешагии шаҳид Сулаймонӣ эҳёи ҷабҳаи муқовимат буд. Дифоъ аз ҳаримҳои муқаддас барои ҳоҷ Қосими Сулеймонӣ як асл буд; ӯ ҳатто Эронро ҳам ба унвони ҳарим тавсиф мекард. Баъзеҳо ба сабаби таҳлили нодуруст ва надоштани фаҳми лозим аз масоил чунин тасаввур мекунанд ва шояд таблиғ мекунанд, ки бо ҳаводиси ахири минтақа, хунҳое, ки дар роҳи дифоъ аз ҳарим рехта шуд, беҳуда буд! Ин як хатои бузург аст; агар ин ҷонбозӣ намешуд ва ин муборизаҳо анҷом намегирифтанд ва агар ҳоҷи Қосими Сулаймонӣ бо он ҷасорат дар кӯҳҳо ва биёбонҳои минтақа ҳаракат намекард ва ҳамроҳ бо шаҳидонаш ин муборизаро пеш намебурд, имрӯз аз ин ҳаримҳои муқаддас хабаре набуд. Ба ин итминон дошта бошед. На танҳо аз Зайнбия хабаре набуд, балки аз Карбало ҳам хабаре набуд, аз Наҷаф ҳам хабаре набуд. Сабабаш ҳодисаи Сомирро аст; нисбат ба Сомирро каме ғофилӣ шуд. Шумо дидед, ки чӣ гуна ҳарими Аскарияйн (Алайҳимуссалом) вайрон шуд ва зареҳашонро шикастанд. Ин корҳоро кӣ анҷом дод? Такфириҳо бо кӯмаки амрикоиҳо. Ҳар ҷо ҳамин гуна мешуд, агар ин дифоъҳо анҷом намегирифт. Сарнавишти ин ҳаримҳои муқаддас ва ин қиблаҳои қалбии мусалмонон ба сарнавишти ҳамон гумбади вайроншудаи Имом Аскарӣ (Алайҳимуссалом) табдил мешуд.
  • https://iqna.ir/fa/news/4257417
captcha