Ба гузориши манобеи хабарӣ, Маркази исломии Ал-Азҳар дар ин паёми худ навишт:
"Як сол пеш мардуми Фаластин аз таҷовузҳои ваҳшиёнаи душмани террористӣ ранҷ бурданд, ки молу ҷони онҳоро гирифта, кӯдакон ва бегуноҳонро ба қатл расонд. Акнун соли нав фаро расидааст."
Ал-Азҳар дар идомаи паёми худ дуо кард:
"Худовандо, соли навро барои аҳли Ғазза пур аз хайру раҳмат бигардон, бар саҳюнистони террорист пирӯз гардон ва ба мардуми Ғазза нусрат ато фармо. Ин мардуми бараҳна ва гурусна таҳти ҷанги доимиро дар паноҳи худ нигоҳ дор ва соли навро барои аҳли Ғазза, мардуми Фаластин ва дигар кишварҳо соле пур аз хайру баракат ва саршор аз сулҳу оштӣ бигардон."
Ин дуо дар аввали соли нави мелодӣ, имрӯз, 1 январ, дар ҳоле садо дод, ки миллионҳо нафар орзу доранд соли 2025 соли пур аз хайру пирӯзӣ бошад. Ҳамчунин оғози соли мелодӣ бо фаро расидани моҳи Раҷаби соли 1446 ҳиҷрии қамарӣ мувофиқ омад, ки яке аз моҳҳои ҳаром аст ва дуоҳо дар он фаровон ва мустаҷоб мешаванд.
Оғози соли нави мелодӣ дар Ғазза таҳти оташ ва муҳосира
Манобеи маҳаллӣ субҳи рӯзи чоршанбе, дар аввалин соатҳои соли 2025 мелодӣ, аз ҳамлаҳои ҷинояткоронаи режими саҳюнистӣ аз шимол то ҷануби Навори Ғазза хабар доданд.
Бар асоси ин гузориш, артиши режими ғосиби Қудс дар шимоли Навори Ғазза амалиёте барои инфиҷори сохтумонҳои маскунӣ ва хонаҳои фаластиниён анҷом дод.