Ба гузориши ИКНА, ба нақл аз "Шоҳид Ал-Ан", ин барнома аз рӯзи шанбе, 4 январи 2025 дар масҷидул-Ҳаром оғоз шуда, то рӯзи ҷумъа, 10 январи 2025 идома хоҳад ёфт.
Ин барнома, ки ҳамзамон бо таътилоти нимсолаи таҳсилӣ баргузор мешавад, бо ҳадафи ғанӣ гардонидани таҷрибаи қуръонии умрагузорон ва намозгузорони масҷидул-Ҳаром, тақвияти робитаи зоирони Байтуллоҳ бо китоби Худо ва таблиғи фарҳанги мӯътадилии қуръонӣ тарҳрезӣ шудааст.
Дар ин барнома, ҳифз, тасҳеҳи қироат ва таҷвид бо истифода аз як усули ҳамаҷонибаи омӯзишӣ ва таваҷҷуҳ ба тафовутҳои инфиродии ширкаткунандагон ба онҳо омӯзиш дода мешавад, то аз фарогирии комили Қуръон итминон ҳосил гардад.
Ҷузъиёт ва вақти иҷрои барнома:
Барномаи таълимии қуръонӣ дар масҷидул-Ҳаром фаъолиятҳое аз қабили тиловат, ҳифз, бознигарии оятҳо ва тақвияти малакаҳоро дар бар мегирад ва таҳти назорати гурӯҳи омӯзгорони тавоно – ҳам мард ва ҳам зан – иҷро хоҳад шуд.
Ин барнома дар рӯзҳои муайяншуда баъд аз намози субҳ дар сеюмин бахши тавсеаи Саудӣ дар масҷидул-Ҳаром оғоз шуда, то вақти азони магриб идома мекунад. Қуръономӯзон метавонанд ҳар рӯз то 5 соат аз ин барнома баҳраманд шаванд.
Лозим ба зикр аст, ки ҳалқаҳои қуръонии масҷидул-Ҳаром ва масҷиди Набавӣ (с) аз фаъолиятҳои маъмули ин масҷидҳо ба шумор мераванд, ки дар ростои иҷрои рисолати ҳарамайн, ки бар пояи тақвияти ҷойгоҳи Қуръон қарор дорад, баргузор мегарданд.