Ба гузориши ИКНА, ба нақл аз "Муслимун ҳавлал-олам", ин иқдом бахше аз ташаббуси Шӯро бо шиори «Қуръон, ҳадяе барои шумо» мебошад, ки ҳадафи он пешниҳоди тарҷумаи муосир ва мутобиқшуда аз Қуръони Карим аст. Ин тарҷума барои ҳамаи албонизабонон дар минтақаҳои Балкани Ғарбӣ ва саросари ҷаҳон дастрас ва фаҳмо мебошад.
Ин тарҳ бо таҳрир ва таъйиди раёсати Шӯрои уламои мусалмон дар Косово ва бо ҳамкории раёсати умури динии Туркия ва анҷом шудааст. Ҳадафи лоиҳа густариши арзишҳои исломӣ ва амиқсозии дарки дуруст аз Қуръон дар миёни ҷомеаҳои албонизабони кишварҳои Балкани Ғарбӣ (Косово, Албания, Македонияи Шимолӣ, Черногория, минтақаи Прешево дар ҷануби Сербия) ва муҳоҷирони албонӣ дар Аврупо ва ҷаҳон аст.
Ин тарҷума, ки маъруфтарин тарҷума дар миёни албонизабонони Балкани Ғарбӣ маҳсуб мешавад, бори аввал аз ҷониби олим ва муҳаққиқи маъруф, Ҳоҷӣ Шариф Аҳмадӣ, маъруф ба устоди уламо, соли 1988 дар шаҳри Приштина, пойтахти Косово, тарҷума шудааст. Аз он вақт то кунун ин тарҷума борҳо дар марказҳо ва кишварҳои мухталиф нашр шуда, имрӯз ба доираи васеътари мусалмонон расидааст. Он ба мардум дар амиқсозии дониши онҳо дар бораи Қуръони Карим ва таҳкими имони онҳо ба ин китоби бузург кӯмак мекунад.