IQNA

Раҳбари Ансоруллоҳи Яман: Оташ задани бемористони Камол Адвон ҷинояти ошкор аст

8:18 - January 04, 2025
рақами хабар: 2675
ИКНА - Раҳбари Ансоруллоҳи Яман изҳор дошт, ки оташ задани бемористони "Камол Адвон" аз ҷониби душмани саҳюнистӣ нишонаи густохии ин режим ва як ҷинояти ошкор мебошад. 

Сайид Абдулмалик Бадруддин Ал-Ҳусӣ, дар суханронии худ гуфт, ки яке аз ҷиноятҳои барҷастаи душмани саҳюнистӣ оташ задани ин бемористон буд, ки боис шуд хизматрасониҳои тиббӣ дар он комилан қатъ шавад.

Ӯ таъкид кард, ки душмани саҳюнистӣ барои понздаҳумин моҳи пайдарпай куштори оммавии мардуми Ғаззаро идома медиҳад.Раҳбари Ансоруллоҳи Яман дар бахши дигаре аз суханрониаш илова кард: бояд кӯшишҳои ҷиддӣ барои қатъ кардани ҳамлаҳои ниҳоди худгардони Фаластин анҷом дода шаванд.

Сайид Абдулмалик Бадруддин Ал-Ҳусӣ, ёдовар шуд: душмани саҳюнистӣ ҳамчунон ҳамлаҳои худро ба Лубнон, нақзи оташбас дар ин кишвар ва ҳамла ба шаҳрвандони Сурия идома медиҳад ва кӯшиш мекунад шаҳрвандони Сурияро хор ва залил кунад.

Ӯ бо баёни ин ки саҳюнистҳо талош доранд миллатҳои арабиро ба сӯи даргирӣ бо якдигар савқ диҳанд, гуфт, ки амалиёти муқовимати Фаластин нишонаи ҳамбастагии гурӯҳҳои муқовимат аст. Аммо боиси таассуф аст, ки кишварҳои арабӣ муқовимати Фаластинро терроризм медонанд, вале душмани саҳюнистиро террорист намешуморанд.

Раҳбари Ансоруллоҳи Яман “Сайид Абдулмалик Бадруддин Ал-Ҳусӣ” бо ишора ба панҷумин солгарди шаҳодати фармондеҳ Ҳоҷ Қосими Сулаймонӣ таъкид кард, ки шаҳид Сулаймонӣ дар ҳимояти мардуми Фаластин, кумак ба размандагони фаластинӣ ва муқовимат нақши бисёр муҳим дошт ва монеи бузурге дар роҳи тавтиаҳои душманон буд. Ҳамчунин, Эрон дар ҳимоят аз мардуми Фаластин нақши ифтихорофарин дошта, душмании шадиде бо душмани саҳюнистӣ дорад. Ин ба он сабаб аст, ки Эрон ҷузъе аз уммати исломӣ мебошад. Аз ин рӯ, ҳамлаҳо алайҳи Эрон ба хотири нақши бузурги ин кишвар дар ҳимоят аз ормони Фаластин аст. Ба ҳамин далел, меҳвари ваҳдати мо бо Эрон ҳимояти ин кишвар аз ормони Фаластин мебошад.

Ӯ сипас гуфт, ки дар ҳамин ҳафта бо 11 мушак ва ҳавопаймои бесарнишин киштии ҳавопаймобари амрикоии “Труман”-ро ҳадаф қарор додем, ки ин ҳамла тавтиаҳои душманро барои ҳамла ба Яман хунсо кард ва боиси фирори ин киштӣ ва нерӯҳои баҳрии Амрико аз Баҳри Сурх шуд. Ҳамчунин, ин ҳафта ду ҳавопаймои бесарнишини амрикоии навъи MQ-9-ро дар Ал-Байдо ва Маъриб сарнагун кардем. Албатта, душманони амрикоӣ ва англисӣ соли гузашта 931 ҳамлаи ҳавоӣ алайҳи Яман анҷом доданд, ки дар натиҷа 106 нафар шаҳид ва 314 нафар маҷрӯҳ шуданд.

Сайид Абдулмалик Бадруддини Ал-Ҳусӣ, раҳбари Ансоруллоҳи Яман ҳамчунин аз мардуми ин кишвар даъват кард, ки фардо дар роҳпаймоии миллионии ҳимоят аз Ғазза иштирок кунанд.

captcha