IQNA

Шаҳид Сулаймонӣ; улгуе барои насли ҷавон дар ҷаҳони Ислом

23:03 - January 04, 2025
рақами хабар: 2680
ИКНА - Шаҳид Қосими Сулаймонӣ, фармондеҳи далери Нерӯҳои Қудс, бо фаолиятҳои худ дар мубориза бо терроризм ва дифоъ аз ормонҳои инсонии башарӣ ба улгу барои ҷавонони мусулмони саросари ҷаҳон табдил ёфт. Ӯ бо имон, фидокорӣ ва шуҷоат дар муқобили зулм истодагарӣ кард ва дар дилҳо ҷой гирифт. Имрӯз, бисёре аз ҷавонон дар ҷаҳони Ислом мекӯшанд аз роҳу равиши ӯ пайравӣ кунанд.

Шаҳид Қосими Сулаймонӣ яке аз шахсиятҳои барҷаста ва таъсиргузор дар таърихи муосири ҷаҳони Ислом аст, ки ҳамчун як фармондеҳи низомӣ ва шахсияти маънавӣ шинохта мешавад. Зиндагӣ ва фаолиятҳои ӯ на танҳо дар Эрон, балки дар саросари ҷаҳони Ислом таъсири амиқе гузоштааст. Ӯ ба рамзи шуҷоат, фидокорӣ, сарфи ҷони худ ва хидмат ба мардум табдил ёфт ва дар дили бисёриҳо ҷой гирифт.

Шаҳид Сулаймонӣ аз ибтидо як инсони мутавозеъ ва фурӯтан буд, ки ҳамеша дар ҷустуҷӯи хидмат ба мардум ва дифоъ аз арзишҳои инсонӣ қарор дошт. Ӯ ҳамчун фармондеҳи Нерӯҳои Қудси Сипоҳи Посдорони Инқилоби Исломӣ дар майдонҳои мухталифи ҷанг ва сиёсат нақшҳои муҳимро иҷро кард. Фаолиятҳои ӯ дар мубориза бо терроризм, бахусус гурӯҳҳои такфирӣ ва ДИИШ, таъсири зиёде ба амнияти минтақа гузошт ва ӯро ба яке аз шахсиятҳои муҳими мубориз зидди терроризм табдил дод.

Аммо он чизе, ки шаҳид Сулаймониро аз дигар шахсиятҳо мутамоиз мекунад, умқи имон ва тақвои ӯст. Ӯ ҳамеша дар канори фаолиятҳои низомӣ ва сиёсӣ ба аҳамияти тақво ва ахлоқи исломӣ таъкид мекард. Хусусиятҳое ба мисли садоқат, шуҷоат, вафодорӣ ба ормонҳои Инқилоби Исломӣ ва ҳимоя аз ҳуқуқи мазлумон ӯро ба як улгуи беназир табдил доданд.

Ҷавонони мусулмон дар саросари ҷаҳон аз шахсияти шаҳид Сулаймонӣ илҳом гирифта, ӯро ҳамчун як улгуи воқеӣ дар роҳи мубориза бо зулму фасод мебинанд. Бисёре аз онҳо мекӯшанд аз равишҳо ва усулҳои зиндагии ӯ пайравӣ кунанд. Шаҳид ҳоҷ Қосими Сулаймонӣ ҳамчун як қаҳрамони миллӣ ва ҷаҳонӣ шинохта шуд, зеро ӯ ҳамеша дар муқобили зулму ситам истодагӣ мекард ва барои дифоъ аз мардумони мусулмон ва озодихоҳони ҷони худро фидои ормонҳои инсонӣ кард.

Рӯҳияи истодагӣ, сабру пойдорӣ дар баробари мушкилот ва пайгирии ормонҳои баланд он чизест, ки шаҳид Сулаймониро ба як улгуи барҷаста табдил додааст, бахусус барои насли ҷавон. Ӯ нишон дод, ки барои расидан ба ормонҳои бузург бояд фидокорӣ кард ва аз ҳеҷ талоше даст накашид. Ҷавонони имрӯз дар ҷустуҷӯи шахсоне ҳастанд, ки битавонанд дар баробари мушкилот истодагарӣ кунанд ва бо эътиқоди қавӣ ба усулҳои худ тағйироти мусбат эҷод намоянд. Дар ин роҳ, шаҳид Сулаймонӣ бо хусусиятҳои шахсиятиаш ба як намунаи қобили таваҷҷӯҳ табдил ёфтааст, ки метавонад ҷавонони мусулмонро дар баробари чолишҳо ва мушкилоти зиндагӣ ҳидоят кунад.

Дар ниҳоят, шаҳид Сулаймонӣ на танҳо ҳамчун як фармондеҳи низомӣ, балки ҳамчун як рамзи ахлоқӣ ва инсоният дар таърихи муосир шинохта мешавад. Ӯ ба мо ёд дод, ки ҳамеша бояд барои ҳуқуқи инсонҳо, озодӣ ва адолат талош кунем ва дар баробари зулму фасод хомӯш набошем.

https://tajikpress.com/2025/01/05/

captcha