IQNA

Аз ҷониби сафири Эрон дар Ватикан:

18:28 - January 05, 2025
рақами хабар: 2682
ИКНА - Лавҳе аз суханони баргузидаи раҳбари Эрон дар бораи ҳазрати Масеҳ ба Поп дода шуд.

Лавҳе аз суханони баргузидаи раҳбари муаззами Инқилоби Исломӣ дар бораи ҳазрати Масеҳ (а) ба Поп дода шуд.

Ба гузориши ИКНА, лавҳе аз суханони баргузидаи раҳбари муаззами Инқилоби Исломӣ дар бораи ҳазрати Масеҳ (а) ба Поп тақдим гардид.

Ин суханон, ки дар шакли лавҳи зебо ва гаронбаҳо тавассути муассисаи фарҳангӣ-таҳқиқотии Инқилоби Исломӣ (дафтари нигаҳдорӣ ва нашри осори ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ) таҳия ва ба забони итолиёвӣ тарҷума шуда буд, тавассути Мухторӣ, сафири Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Ватикан, дар як дидори ҳузурӣ ба Попи Франсис тақдим гардид, ки мавриди истиқболи гарм ва сипосгузории вижаи ӯ қарор гирифт.

Поп таъкид кард, ки ин лавҳ дорои нукоти муҳиму барҷаста аст ва метавонад барои пайравони дини Масеҳ таъсиргузор ва нақшофарин бошад.

Ӯ инчунин нисбат ба вазъи минтақа, ба хусус дар мавриди Фаластин, нигаронии худро аз таҷовузоти режими саҳюнистӣ изҳор дошта, гуфт, ки ҳар рӯз тавассути намояндаи худ дар Фаластин аз хабарҳо ва рӯйдодҳои он ҷо огоҳ мешавад.

Матни ин лавҳа, ки ба забони итолиёвӣ тарҷума шудааст, чунин аст:

Агар ҳазрати Масеҳ дар миёни мо мебуд...

Арзиши ҳазрати Масеҳ (а) аз нигоҳи мусулмонон бешубҳа камтар аз арзишу қадру манзалати он ҳазрат дар чашми масеҳиёни мӯъмини ба масеҳият нест. Ин Пайғамбари бузурги илоҳӣ тамоми замони ҳузури худ дар миёни мардумро бо мубориза паси сар кард, то дар баробари зулму таҷовуз ва фасод ва касоне, ки бо такя ба зару зӯр миллатҳоро ба занҷир кашида ва онҳоро ба ҷаҳаннами дунё ва охират мекашониданд, истодагарӣ кунад.

Ранҷҳое, ки ин Пайғамбари бузург аз даврони кӯдакӣ — ки Худо Пайғамбариро аз ҳамон даврони кӯдакӣ ба ӯ дод — таҳаммул кард, ҳама дар ин роҳ буд.

Интизор меравад, ки пайравони ҳазрати Масеҳ ва ҳамаи касоне, ки ӯро бо азамату маънавияти баланд ва дархӯри мақоми волои ӯ медонанд, дар ин роҳ ба ӯ пайравӣ кунанд.

Агар ҳазрати Масеҳ (а) имрӯз дар миёни мо мебуд, лаҳзае барои мубориза бо пешвоёни зулму истикбори ҷаҳонӣ аз даст намедод ва гуруснагиву саргардонии миллиардҳо инсонеро, ки тавассути қудратҳои бузург истисмор шуда ва ба ҷанг, фасод ва низоъ кашонда мешаванд, таҳаммул намекард.

Имрӯз мӯъминон ба он Пайғамбари бузург, яъне масеҳиён ва мусулмонон, бояд барои барқарории низоми шоистаи ҷаҳонӣ ба таълимоти пайғамбарон рӯ оваранд ва фазилатҳои инсонӣ бар асоси омӯзиши он омӯзгорони башарият густариш ёбанд. Пайравӣ аз ҳазрати Исои Масеҳ (а) маънои ҳимоят аз ҳақ ва безорӣ аз қудратҳои зидди ҳақро дорад. Умед аст, ки масеҳиён ва мусулмонон дар ҳар нуқтаи ҷаҳон ин дарси бузурги ҳазрати Масеҳ (а)-ро дар зиндагӣ ва амал зинда нигоҳ доранд.

Гуфтанист, ки ин лавҳ дар осорхонаи таърихии Ватикан нигаҳдорӣ хоҳад шуд.

https://iqna.ir/fa/news/4258080

captcha