Ба гузориши ИҚНА ва ба нақл аз Ал-Аҳд, Шайх Наим Қосим гуфт: "Шаҳид Қосими Сулаймонӣ фармондеҳи стратегии соҳаҳои фикрӣ, сиёсӣ ва муборизавӣ буд, ки тавонист нақшаҳои Амрикоро дар минтақа, бахусус дар Ироқ ва Афғонистон ноком созад ва нақшаҳои Исроилро фош кунад."
Ӯ афзуд: "Шаҳид Сулаймонӣ бо талошҳои бефосила дар фароҳам кардани имконот ва омӯзиш, муқовиматро тақвият дод ва Фаластинро ба мақоми шоистаи худ баргардонд. Таъсироти ӯ то нобудии комили Исроил боқӣ мемонад."
Дабири кулли Ҳизбуллоҳ инчунин бо ишора ба нақзи пайвастаи созишномаи оташбас аз ҷониби режими саҳюнистӣ гуфт: "Сабри мо дар баробари таҷовузоти Исроил маҳдуд нест, вале тасмимгирӣ дар бораи муқобила бо ин амалҳо бар дӯши фармондеҳии муқовимат аст. Шояд сабри мо қабл аз 60 рӯз ба поён расад ё идома ёбад."
Ӯ дар охир таъкид кард: "Муқовимат ҳанӯз қавӣ аст ва дар вақти муносиб ҷавоби лозимро хоҳад дод. Душман бояд бидонад, ки нақзи оташбас бепосух нахоҳад монд."