IQNA

Барҳрамандӣ аз таътилоти зимистонӣ барои ҳифзи Қуръон дар Алҷазоир

19:37 - January 06, 2025
рақами хабар: 2689
ИКНА - Идораи корҳои динӣ ва авқофи Алҷазоир дар таътилиии зимистона бо боз кардани мактабҳои қуръонӣ ва мактабхонаҳои суннатӣ имконияте фароҳам овардаанд, ки хонандагон битавонанд аз ин рӯзҳо барои ҳифз ва омӯзиши Қуръони Карим истифода кунанд.

Ба гузориши ИКНА ба нақл аз Ал-Масоъ, идорот ва ҷамъиятҳои фаъоли тарбиятӣ дар Алҷазоир бо иҷрои барномаҳои гуногун талош мекунанд, ки вақти холии кӯдакон ва хонандагонро дар давраи таътили зимистона пур кунанд. Бархе аз хонаводаҳо бинобар набудани имконияти фароғатӣ, барои пур кардани вақти холии фарзандонашон бо мушкил рӯбарӯ ҳастанд.

Дар ин миён, Идораи корҳои динӣ дар вилояти Блидаи Алҷазоир бо боз кардани мактабҳои қуръонӣ дар минтақаҳои мухталиф талош дорад, ки алоқамандон тавонанд аз ин давраи таътил барои омӯзиш ва ҳифзи Қуръон баҳра баранд. Агар мактабҳо кофӣ набошанд, масҷидҳо дар соатҳои ғайри намоз барои омӯзиши Қуръон истифода мешаванд.

Камол Балъасал, мудири корҳои динӣ ва авқофи вилояти Блида, ба Ал-Масоъ гуфтааст, ки ҳамзамон бо таътили зимистон барномаи фишурдаро барои қабули шумораи бештари кӯдакон ва ҷавонон дар назар гирифтаанд, то онҳо тавонанд аз мактабҳои қуръонӣ, мактабхонаҳо ва марказҳои суннатии омӯзиши Қуръон баҳра баранд.

Ӯ афзуд, ки дар доираи ин барнома 697 маркази қуръонӣ, 92 мактаб ва шаш маркази суннатӣ барои омӯзиши тиловат ва ҳифзи Қуръон фаъол хоҳанд буд. Омӯзиши Қуръон яке аз барномаҳои муваффақ барои ҳимоят аз фарзандон ва истифодаи вақти холии онҳо дар омӯзиши дини худ маҳсуб мешавад.

Балъасал таъкид кард, ки таҷриба нишон додааст, ҳофизони Қуръон аз хонандагони муваффақ ва боахлоқанд. Аз ин рӯ, ҳамаи мактабҳои қуръонӣ барои истифодаи хонандагон дар давраи таътили зимистон боз шудаанд.

Ӯ ҳамчунин аз волидон даъват кард, ки фазои муносиберо барои ҷалби фарзандонашон ба марказҳои қуръонӣ фароҳам оваранд.

Балъасал дар анҷом ёдовар шуд, ки ҳофизони Қуръон аз вилоятҳои дигар метавонанд барои гирифтани иҷозатномаҳои қироат ба марказҳои қуръонии Блида муроҷиат кунанд. Ин раванд метавонад ба қудратмандии ҳофизон кумак карда, онҳоро ба яке аз беҳтарин иштироккунандагони мусобиқоти миллии ва байналмилалии Қуръон табдил диҳад.

https://iqna.ir/fa/news/4258326

captcha