Ба гузориши ИКНА ба нақл аз maspero.eg, коршиносон ва фаъолони расонаҳои иҷтимоӣ дар Миср аз эъломияи мақомот оид ба радиову телевизиони ин кишвар дар мавриди қатъи пахши таблиғоти тиҷоратӣ дар Радио Қуръони Миср истиқбол карданд.
Ин шабакаи радиоӣ зиёда аз 60 миллион шунаванда дар Миср ва ҷаҳони Ислом дорад ва ҳамчун аввалин истгоҳи радиоии тахассусӣ дар расонаҳои динӣ дар ҷаҳони араб шинохта мешавад.
Қарори Шӯрои мудирияти расонаҳои давлатӣ пас аз силсилаҷаласаҳо ва қарорҳо гирифта шуд, ки барҷастатарини онҳо «манъи ҳузури фолбинҳо ва ситорашиносон» дар шабакаҳои телевизионӣ, радиоҳо ва сомонаҳо мебошад.
Ин муассиса дар баёнияе дар сафҳаи расмии худ дар Фейсбук эълом кард, ки ин қарор пас аз пешниҳоди шикоятҳои фаровон аз тарафи шунавандагони Радио Қуръон ва роҳбарони ниҳодҳои расмии динӣ гирифта шудааст ва ёдовар шуд, ки ин қарор аз 1-уми январи соли 2025 ба иҷро медарояд.
Дар ин баёния омадааст: Шӯрои мудирияти расонаҳои давлатӣ бо роҳбарии Аҳмад Ал-Муслимонӣ, тасмими Кумитаи таблиғот дар мавриди интиқоли эълонҳои тиҷоратӣ аз Радио Қуръон ба дигар шабакаҳои радиоиро тасвиб кард. Ҳамчунин Вазорати молияи Миср эълом кард, ки барои пешгирӣ аз ҳар гуна эҳтимоли коҳиши даромади ин шабака, аз он пуштибонии молиявӣ хоҳад кард.
Исмоил Дувайдор, раиси Радио Қуръон, тасмими Созмони расонаҳои миллӣ дар мавриди лағви доимии таблиғот аз Радио Қуръонро як тасмими «таърихӣ ва ҷасурона» тавсиф намуда, таъкид кард, ки аз дохил ва хориҷи Миср шикоятҳо дар бораи ин таблиғот гирифта шудаанд.