Моҳи Раҷаб дорои номҳо ва сифатҳои гуногун аст, ки ҳар яке аз онҳо таҷассумкунандаи вижагиҳо ва арзишҳои хоссе мебошад, ки ин моҳ дар миёни ақвоми араби даврони ҷоҳилият ва сипас дар даврони исломӣ доштааст. Яке аз заминаҳои муҳимме, ки сабаби дарки беҳтари мақоми ин моҳ дар тӯли таърих мешавад, ошноӣ бо ин моҳ аз назари номҳо ва сифатҳои гуногун мебошад, ки дар тӯли таърих барои он баррасӣ шудаанд.
Яке аз сифатҳои муҳимми ин моҳ "Раҷабул-мурҷҷаб" мебошад, ки маънояш "бузург ва муҳтарам" аст. Ин номгузорӣ нишондиҳандаи аҳамият ва бузургии ин моҳ дар миёни арабҳост. Номи дигаре, ки ба ин моҳ дода шудааст, "Раҷабул-асам" мебошад, ки маънояш "ношнаво" аст. Ин ном аз он сабаб интихоб шудааст, ки дар ин моҳ садои силоҳ ва ҷанг шунида намешуд. Дар ин робита, مُنصِلُالأَلّ و مُنصِل الاَسنَّه низ аз номҳое мебошанд, ки ба моҳи Раҷаб нисбат дода мешуданд, зеро дар даврони ҷоҳилият моҳи Раҷаб ҳамчун моҳи тавқифи ҷангҳо шинохта мешуд ва дар он силоҳҳо канор гузошта мешуданд. Аз ҳамин сабаб ба он "مُنصِلُالأَلّ" (нобудкунандаи асбоби ҷанг) ва "مُنصِل الاَسنَّه" (нобудкунандаи қаҳтӣ ва асбоби ҷанг) низ мегуфтанд.
Илова бар ин, номи "Раҷабул-асаб" низ барои ин моҳ истифода мешуд, ки маънояш "моҳи раҳмат" мебошад, зеро дар ин моҳ раҳмати илоҳӣ бар мардум нозил мешавад. Махсусан дар даврони пеш аз Ислом бо барпо кардани бозорҳои солонаи Араб дар ин моҳ бисёре аз ниёзҳои онон бартараф мегардиданд. Аз ин рӯ, аз диди онон, моҳи Раҷаб моҳи пурфайзу баракат ҳисоб мешуд.
"Раҷабул-Музар" низ яке аз номҳои ин моҳ мебошад, зеро қабилаи Музар ин моҳро ба таври вижа муҳтарам медонист. Албатта, назарҳои дигаре низ дар бораи ин номгузорӣ вуҷуд дорад. Бархе бовар доранд, ки ин ном ба сабаби эҳтироми махсуси қабилаи Музар ба ин моҳ аст, ва бархеи дигар бар онанд, ки қабилаи Рабиъа моҳи Рамазонро Раҷаб меномиданд ва онро ҳаром (муқаддас) медонистанд, аммо қабилаи Музар ин моҳро моҳе ҷудогона дониста ва онро ҳаром мешуморид.
"Ал-Шаҳрул-Фард" низ аз ин ҷиҳат ба моҳи Раҷаб гуфта мешавад, ки аз дигар моҳҳои ҳаром ҷудо афтодааст.
Бо таваҷҷуҳ ба ин сифатҳо ва номҳо, моҳи Раҷаб на танҳо ҳамчун моҳи муҳтарам ва гиромӣ дар таърихи Ислом ва Араб шинохта мешавад, балки нишондиҳандаи аҳамияти фарҳангӣ ва иҷтимоии он дар давраҳои мухталифи таърихӣ аст. Ин номҳо ҳар кадоме ба навбаи худ як ҷанбаи вижагиҳои ин моҳро тасвир мекунанд ва ба мо кӯмак мекунанд, то беҳтар бифаҳмем, чаро ин моҳ ҳанӯз ҳам дар миёни мусулмонони ҷаҳон ҷойгоҳи вижае дорад.