IQNA

Оғози бистумин мусобиқоти байналмилалии Қуръон дар Алҷазоир

22:39 - January 07, 2025
рақами хабар: 2693
ИКНА - Бистумин даври мусобиқоти байналмилалии ҳифзи Қуръони ҷоизаи Алҷазоир рӯзи якшанбе бо талоши Вазорати авқоф ва умури динии ин кишвар оғоз гардид.

Ба гузориши ИКНА, ба нақл аз Ал-Масо, ин мусобиқот бо ҳузури Юсуф Балмаҳдӣ, вазири умури динӣ ва авқофи Алҷазоир, дар пойтахти ин кишвар, шаҳри Алҷазоир оғоз шуд. Иштироккунандагон тавассути технологияҳои видеоконфронс ва аз масофа дур арзёбӣ гардиданд.

Сайид Абдулмаҷид Таббон, раисиҷумҳури Алҷазоир, бар ин рақобатҳо назорат дорад ва намояндагони беш аз 44 кишвар дар он иштирок намудаанд.

Юсуф Балмаҳдӣ дар суханронии худ дар ин мусобиқот бо шарҳи иқдомоти Алҷазоир дар хидмат ба Қуръон, изҳор дошт: Мусобиқоти байналмилалии ҳифз ва таҷвиди Қуръони ҷоизаи Алҷазоир, мусобиқоти миллии Қуръон, ва нашру тавзеи Қуръон аз ҷумлаи ин иқдомот мебошанд.

Вай афзуд: Марҳилаи ниҳоии ин мусобиқот дар шаби Исро ва Меъроҷ баргузор хоҳад шуд ва интихоби ин муносибат барои марҳилаи ниҳоӣ нишонгари пайванди наздики Алҷазоир бо масҷиди Ал-Ақсо мебошад, махсусан дар шароите, ки миллати Фаластин дар Навори Ғазза аз ҳамлаҳои ваҳшиёнаи режими саҳюнистӣ ранҷ мебаранд.

https://iqna.ir/fa/news/4258408

captcha