Ба гузориши ИКНА, зангӯлаҳои калисои Ал-Маҳд, дар шаҳри Байтуллаҳм, ҷануби Каронаи Бохтарӣ, рӯзи душанбе садо доданд ва дар ин калисо дуоҳои махсуси солгарди милоди Исо Масеҳ (а) тибқи тақвими масеҳиёни шарқӣ қироат шуд.
Дар ин маросим масеҳиён барои сокинони Навори Ғазза, бахусус кӯдакон, дуо карда, хостан поёни ҷанг ва қатлу куштори режими саҳюнистиро, ки 16 моҳ боз идома дорад, талаб намуданд.
Ин дуюмин сол аст, ки шаҳри Байтуллаҳм ва калисои Ал-Маҳд милоди Масеҳ (а)-ро ба нишонаи ғаму андуҳ барои мардуми Навори Ғазза, бидуни нишонаҳои ҷашну хурсандӣ баргузор мекунанд.
Масеҳиёни Байтуллаҳм ва минтақаҳои дигари Фаластин аз субҳи рӯзи душанбе ба ин калисо рафта, барои поёни ҷанги вайронгари режими саҳюнистӣ дуо ва ибодат карданд.
Масеҳиён бар ин боваранд, ки калисои Ал-Маҳд бар рӯи ғоре бунёд шуда, ки ҳазрати Исо Масеҳ (а) дар он таваллуд ёфтааст.