Бар пояи гузориши ИКНА ва ба нақл аз пойгоҳи иттилоотрасонии Дафтари ҳифз ва нашри осори ҳазрати Оятуллоҳ имом Хоманаӣ, ба муносибати солгарди қиёми 19 дейи Қум дар соли 1356 дар ҳимоят аз ҳазрати Имом Хумайнӣ (раҳ) бар зидди режими Паҳлавӣ, ҳазорон нафар аз табақоти мухталифи мардуми ин шаҳр, субҳи имрӯз, чоршанбеи 19 дей дар Ҳусайнияи Имом Хумайнӣ (раҳ) дар Теҳрон бо раҳбари муаззами инқилоби исломӣ дидор карданд.
Инҷо бархе аз нуктаҳои муҳим аз суханони ишон дар ин дидор оварда мешаванд:
1. Эрон дар замони Паҳлавӣ қалъаи мустаҳками манофеи Амрико буд. Аз дохили ҳамин қалъа буд, ки инқилоб берун омад ва шукуфт. Амрикоиҳо нафаҳмиданд, фиреб хӯрданд, сардаргум шуданд ва ғофил монданд; иштибоҳи ҳисоби Амрико ин аст. Пас аз инқилоб ва дар тӯли чанд даҳсолаи гузашта, Амрикоиҳо бештар дар мавриди масоили Эрон дучори иштибоҳ шуданд. Суханони ман бештар ба касоне равона шудааст, ки аз сиёсатҳои Амрико тарс доранд.
2. Корҳои нарм ва таблиғотӣ чист? Ин корҳо иборатанд аз дурӯғпардозӣ, эҷоди фосила байни воқеият ва тасаввуроти афкори умумӣ. Шумо дар ҳолати қудрат гирифтан ҳастед, вале ӯ таблиғ мекунад, ки шумо заиф мешавед. Худи ӯ дар ҳолати заиф шудан аст, аммо таблиғ мекунад, ки қудрат мегирад. Шумо аз таҳдиднопазирӣ бархӯрдор мешавед, аммо ӯ мегӯяд: "Ман бо таҳдид шуморо аз байн мебарам." Ин таблиғот аст. Баъзеҳо таҳти таъсири ин таблиғот қарор мегиранд.
3. Имрӯз вазифаи асосӣ чист? Вазифаи муҳим барои ниҳодҳои таблиғотии мо, фарҳангии мо, Вазорати фарҳанг ва иршоди исломӣ, расонаҳои мо, фаолини фазои маҷозии мо ин аст, ки пардаи хаёлоти қудрати душманро бидаранд ва бишкананд. Нагузоранд, ки таблиғоти душман рӯи афкори умумӣ таъсир гузорад. Ин ҳамон корест, ки қумиён дар рӯзи қиёми 19 дейи 1356 анҷом доданд.
4. Амрико Эронро таҳти тасарруф дошт, аммо ин сарзамин аз дасти ӯ кашида шуд. Аз ин рӯ, адовати Амрико нисбат ба кишвар ва инқилоб як адовати шадид аст ва бо осонӣ даст аз сар намекашад. Амрико дар Эрон шикаст хӯрдааст ва кӯшиш мекунад, ки ин шикастро ҷуброн кунад.
5. Намоишгоҳи ахири фаолини иқтисодӣ, ки раиси ҷумҳур низ аз он боздид карданд, нишон дод, ки имкон дорад иқтисоди кишвар бо 8 фоиз рушд кунад. Бояд дар ҳамаи заминаҳо умедвор бошем. Умед ҳамроҳ бо талош.