Ба гузориши ИКНА, ба нақл аз euqu.eu, Маркази байналмилалии таҳқиқоти илмии Имом Бухорӣ дар Самарқанд ҳамкорӣ бо лоиҳаи Қуръони Аврупоӣ (Донишгоҳи Шарқшиносии Неапол) рӯзҳои 2 ва 3 октябри соли 2025 конфронсеро бо мавзӯи «Дин ва чандзабонагӣ: густариши Қуръон ва адабиёти исломӣ дар ҷомеаҳои аврупоӣ ва осиёӣ» баргузор мекунад. Ҳамаи дӯстдорони илм барои ирсоли хулосаи мақолаҳои худ даъват мешаванд.
Дар тавзеҳи ин барнома омадааст:
Ин конфронс, ки дар идомаи таҳқиқоти лоиҳаи «Қуръони Аврупоӣ: матни муқаддаси Ислом дар фарҳанг ва дини Аврупо (1150–1850 милодӣ)» баргузор мешавад, кӯшиш дорад, ки натиҷаҳо ва дидгоҳҳои нав дар бораи таърихи бисёрҷонибаи Қуръонро бо муҳаққиқон ва донишҷӯёни Самарқанд, Ӯзбекистон ва дар маҷмӯъ Осиёи Марказӣ шарик созад.
Таҳқиқоти ахир оид ба манбаъҳои лотинӣ ва забонҳои маҳаллӣ дар мавриди густариши Қуръон дар Аврупои асримиёнагӣ ва муосир (қарнҳои XII–XVIII) нишон медиҳанд, ки муносибат ба матни муқаддаси Ислом асосан хусусияти бисёрзабона доштааст. Ин равиш бо истиқболи яҳудиён, масеҳиён, навмусулмонон ва афроди ғайридинӣ бо дидгоҳҳои гуногун ҳамроҳ будааст. Зеро тарҷума абзори аслии омӯзиш ва таҳқиқи Қуръон дар Аврупои ғайри исломӣ будааст.
Илова бар ин, чандзабонагӣ дар равиши муносибат ба Қуръон дар миёни ақаллиятҳои исломии муқими Аврупо, аз ҷумла дар нимҷазираи Иберия, Балкан (Босния ва Албанияи имрӯза), Иттиҳоди Лаҳистон-Литва, минтақаҳои Белорус ва дигар кишварҳои Аврупои Шарқӣ ва Марказӣ нақши муҳим доштааст.
Бо нигоҳ ба таърихи фарҳангӣ ва динии Осиёи Марказӣ, ба вижа Бухоро ва Самарқанд, метавон равандҳои таърихии монандро мушоҳида ва таҳқиқ кард. Мардуми туркзабон ва форсизабон аз замонҳои қадим дар фарҳанги чандзабонагӣ ғӯтавар будаанд, ки бар пояи донишу истифодаи рӯзмарраи забонҳои арабӣ, форсӣ ва туркӣ устувор будааст. Пас аз истилои Русия ва иттиҳоди минтақаҳои қаблан ҷудо аз ҳам, забони русӣ низ ҳамчун забони дигар ба маҷмӯи забонҳои истифодашаванда дар умури динӣ афзуда шуд ва бо тағйироти фарҳангӣ ва сиёсӣ пайваст.
Тавсеаи забонҳои ба истилоҳ миллӣ, ки ҳам дар минтақаҳои Аврупои Ғарбӣ ва ҳам Шарқӣ таъсир гузошт, робитаи байни дин ва бисёрзабониро – тавре ки дар асрҳои миёна ва оғози замони муосир шакл гирифта буд – тағйир дод.
Мақсади ин конфронс таҳқиқи робитаҳои байни дин ва чандзабонагӣ дар Аврупо ва Осиёи Марказӣ тавассути омӯзиши густариш ва қабули Қуръон ва адабиёти исломӣ дар замон ва маконҳои гуногун аст. Аз муҳаққиқон даъват мешавад, ки мақолаҳои худро дар доираи омӯзишҳои мавриди таҳқиқ дар яке аз ин минтақаҳо ба дафтари котиботи конфронс ирсол намоянд.
Ҳазинаи сафар ва иқомати дурӯза бар уҳдаи баргузоркунандагони конфронс аст.