IQNA

Нашри каталоги намоишгоҳи байналмилалии Қуръон дар Карбало

10:54 - January 09, 2025
рақами хабар: 2698
ИКНА - Остони муқаддаси Ҳусайнӣ каталоги муаррифии Намоишгоҳи байналмилалии Қуръонро, ки ба муносибати гиромидошти Рӯзи ҷаҳонии Қуръон дар Карбало баргузор мешавад, нашр кард.

Ба гузориши ИКНА ва ба нақл аз пойгоҳи иттилоотии Остони муқаддаси Ҳусайнӣ, дафтари нашрияи муовинати расонаии ин остон каталоги муаррифии Намоишгоҳи байналмилалии Қуръонро, ки бо ибтикори бахши корҳои қуръонии остон ва бо ҳамкории муовинати намоишгоҳҳо ва Маркази байналмилалии таблиғотӣ ба муносибати Рӯзи ҷаҳонии Қуръон баргузор шудааст, нашр намуд.

Алӣ Абуд Ат-Тойӣ, муовини ин марказ, гуфт: Дар доираи барномаи дафтари кулли Остони Ҳусайнӣ барои ҳуҷҷатгузорӣ ва муаррифии фаъолиятҳои гуногуни худ, инчунин шиносоии раванд ва барномаҳои баргузории Намоишгоҳи байналмилалии Қуръон, ки соли гузашта дар доираи Рӯзи ҷаҳонии Қуръон дар байни-ул-ҳаромайн баргузор шуда буд, нашри ин каталог барои муаррифии мухтасари осори намоишгоҳ анҷом шудааст.

Ӯ афзуд: Ин каталог, ки 83 саҳифа дорад, гузориши мухтасар аз осори пешниҳодшуда тавассути утоқҳои намоишии ширкаткунандагон аз атрофи муқаддасот ва марказу муассисаҳои марбут ба чоп ва нашри Қуръони Карим, инчунин марказҳои фарҳангии ҳашт кишвари хориҷиро дар бар мегирад.

Ӯ идома дод: Каталоги намоишгоҳ инчунин шомили шиносоии бархе фаъолиятҳои иловагӣ, аз ҷумла бахши хушнависии қуръонӣ, барномаҳои қуръонии кӯдакон, бахшҳои омӯзишӣ, мусобиқоти ҳавасмандкунанда ва муаррифии осори баъзе уламо аз ҳавзаҳои илмӣ, донишгоҳҳо ва соҳаи қуръонӣ мебошад.

Назир Ад-Далфӣ, масъули расонаҳои қуръонии Дар-ул-Қуръони Остони Ҳусайнӣ, дар ин замина изҳор дошт: Барномаҳои Рӯзи ҷаҳонии Қуръон ба муносибати иди Мабъас (27 Раҷаб) дар минтақаи байни-ул-ҳаромайн дар Карбало баргузор шуда, то як ҳафта идома хоҳанд кард.

Ӯ афзуд: Дар Рӯзи ҷаҳонии Қуръон, семинарҳои илмӣ, маҳфилҳои қуръонӣ ва барномаҳои намоишии фарҳангӣ дар беш аз 15 вилояти Ироқ баргузор мешаванд. Қисмате аз барномаҳо низ ба рӯйдоди муҳим ва камназире ихтисос дода мешаванд, ки дар ҷараёни Рӯзи ҷаҳонии Қуръон эълон хоҳад шуд.

Далфӣ таъкид кард: Барномаҳои вижае низ дар дохили донишгоҳҳо ва зиёратгоҳҳои Ироқ бо иштироки байналмилалӣ иҷро хоҳанд шуд. Дар нишасти баррасии барномаҳои Рӯзи ҷаҳонии Қуръон дар Карбало, омодагӣ барои баргузории хатми қуръонии рамазонӣ дар ҳарими Имом Ҳусайн (а) таъкид шуд, ки аз барҷастатарин барномаҳои моҳи Рамазон хоҳад буд.

https://iqna.ir/fa/news/4258735

captcha