Ба гузориши хабаргузории “Ал-Масира”, Сайид Абдулмалик Бадруддин Ал-Ҳусӣ, раҳбари ҳаракати Ансоруллоҳи Яман, суханронии худро дар бораи таҳаввулоти минтақа, бахусус Фаластин, оғоз кард.
Раҳбари ҳаракати Ансоруллоҳи Яман таъкид кард: Душмани саҳюнистӣ ҳамаи зерсохтҳои тандурустӣ ва тиббиро дар Навори Ғазза ба таври ҳадафманд нобуд кардааст.
Ӯ илова кард: Саҳюнистҳо аз тамоми роҳу василаҳо барои наслкушии фаластиниҳо истифода мекунанд, то онҳоро аз ҳуқуқи қонунии башарии худ маҳрум кунанд. Дар рӯзҳои ахир, Байдени ҷинояткор як созишномаи бузургро барои фиристодани бомбаҳо ва таҷҳизоти низомӣ ба сарзаминҳои ишғолӣ имзо кардааст.
Ӯ идома дод: Саҳюнистҳо гурӯҳҳои зархаридро дар Навори Ғазза ташкил кардаанд, то кумаки башариро ғорат кунанд. Низомиёни саҳюнистӣ низ шахсан даст ба ғорати ин кумакҳо мезананд.
Сайид Абдулмалик Бадруддин Ал-Ҳусӣ, изҳор дошт: Душмани саҳюнистӣ бевосита муҳоҷирони фаластиниро дар Навори Ғазза ҳадаф қарор медиҳад. Масҷиди Ал-Ақсо низ ҳар рӯз аз тарафи саҳюнистҳо мавриди таҷовуз қарор мегирад. Ҳадафи ниҳоии онҳо хароб кардани ин макони муқаддас ва сохтани маъбади яҳудиён мебошад.
Раҳбари ҳаракати Ансоруллоҳи Яман афзуд: Масҷиди Иброҳимӣ дар шаҳри Халил низ таҳти ҳамла ва таҷовуз қарор дорад. Душмани саҳюнистӣ масҷидҳоро ба таври ҳадафманд мавриди ҳамла қарор медиҳад. Илова бар сокинони Навори Ғазза, дар соҳили Ғарбӣ низ ҳар рӯз ин таҷовузоти душман ба назар мерасанд. Бо вуҷуди ин ҳама таҷовузҳо, ниҳодҳои худидораи Фаластин ҳамкориро бо душман қатъ намекунанд. Саҳюнистҳо дар ин ниҳодҳо нуфуз кардаанд.
Ӯ гуфт: Душмани саҳюнистӣ натавонист Ҳизбуллоҳро аз байн барад. Ин ҳаракат ҳамоно дар Лубнон ҳузури қавӣ дорад. Саҳюнистҳо мехоҳанд ишғоли худро дар Сурия қонунӣ гардонанд ва муддати тӯлонӣ дар ин кишвар боқӣ монанд. Онҳо қасд доранд мавқеъҳои нав дар Сурия эҷод кунанд. Амрико низ аз ин вазъият истифода карда, ишғоли худро дар Сурия густариш додааст.
Бадруддин Ал-Ҳусӣ афзуд: Амрико ва режими саҳюнистӣ ба Сурия маҳдуд намешаванд, балки мехоҳанд ба умқи ин кишвар нуфуз кунанд. Онҳо дар пайи ҷалби ҷосусон ва гурӯҳҳои террористӣ барои барангехтани фитна дар ин кишвар ҳастанд. Мардуми Сурия бояд бо иттиҳоди миллӣ дар муқобили ин нақшаҳои Амрико ва Исроил истодагӣ кунанд.
Раҳбари ҳаракати Ансоруллоҳ изҳор дошт: Душмани саҳюнистӣ рӯзҳои ахир як нақшаи нав, ки манотиқи Лубнон, Сурия ва Урдунро дар бар мегирад, нашр кардааст. Ҳама бояд донанд, ки саҳюнистҳо нисбат ба тамоми ин кишварҳо чашми тамаъ доранд. Амалиётҳои низомии нерӯҳои Яман алайҳи режими саҳюнистӣ ин ҳафта низ бо истифода аз мушакҳои фавқулсавт ва дронҳо идома ёфт. Ин амалиётҳо дар миёни саҳюнистҳо тарсу воҳима эҷод карда, нотавонии онҳо дар муқобили мушакҳои Яманро нишон доданд.
Сайид Абдулмалик Бадруддин Ал-Ҳусӣ, таъкид кард: Дар ин ҳафта нерӯҳои яманӣ бо киштии ҳавопаймобари амрикоии «Труман» даргир шуданд, ки ин шашумин даргирӣ бо чунин киштиҳо ба шумор меравад. Ин рӯйдод бо омодагии амрикоиҳо барои таҷовуз ба Яман ҳамзамон шуд, ки бо ёрии Худо ин ҳамла хунсо гардид. Ин як дастоварди низомӣ ва тактикӣ дар муқобили амрикоиҳо ба ҳисоб меравад, ба тавре ки «Труман» хеле зуд минтақаи ҷангро тарк кард.
https://iqna.ir/00Hrxq