IQNA

Ба муносибати солрӯзи даргузашти Шаҳҳот Муҳаммад Анвар Бунёнгузори услуби навин дар тиловати Қуръон + филм

21:30 - January 11, 2025
рақами хабар: 2708
ИКНА - Шаҳҳот Муҳаммад Анвар, аз Миср ва яке аз қориёни барҷастаи Қуръони Карим буд, ба тавре ки ӯро «Амири нағамот» меномиданд. Вай дар синни 15-солагӣ Қуръонро дар тамоми рустоҳои шимоли Миср тиловат мекард ва ба ҳамин восита ба шуҳрат расид.

Устод Шаҳҳот Муҳаммад Анвар 1 июли соли 1950 дар рустои Кафарулвазир, вилояти Қаҳлияи Миср таваллуд шудааст. Танҳо се моҳ аз таваллуди ӯ гузашта буд, ки падарашро аз даст дод. Ӯ дар синни ҳаштсолагӣ ҳофизи кулли Қуръон гардид. Устодон ба монанди Саид Абдуссамад Занатӣ ва Ҳамдӣ Замал аз ҷумлаи қориёне буданд, ки бо ҳузур дар маҳфилҳои қуръонии маҳали зисти Шаҳҳот Анвар, фазоро аз нағамот муаттар мекарданд. Ин ҳолат боис гардид, ки устод дар роҳи тиловати Қуръон фаолият кунад.

Аз хислатҳои барҷастаи устод Шаҳҳот Анвар метавон ба пешрафтҳои ногаҳонии ӯ ва расидан ба қуллаҳои муваффақият дар муддати кӯтоҳ ишора кард. Ин тиловатҳои хос то қабл аз 20-солагӣ ӯро машҳур гардонд ва таваҷҷуҳи махсусро ба ӯ ҷалб намуд. Ӯ дар ин муддати кӯтоҳ тавонист шахсияти қавии худро созмон диҳад ва бо иззати нафсе, ки дошт, ба рушд ва пешрафт ноил гардид.

Вай дар бораи хотираҳои кӯдакии худ чунин мегӯяд: «Дар он давра бо ҳифзи Қуръони Карим хушбахтии беандозае дарёфтам, махсусан пас аз хатми ҳифзи Қуръон ва дар аснои омӯзиши таҷвид. Азбаски овози зебо доштам ва лаҳнам ба лаҳни қориёни бузург шабоҳат мекард, аз ҳамсинфон пешсаф будам ва дар миёни онҳо бо номи "Устоди кӯчак" машҳур гардидам. Ин мавзуъ онҳоро хушнуд мекард. Ҳамсинфонам дар мактаб интизор мешуданд, ки устод машғули коре шавад, то аз ман бихоҳанд, ки оятҳои Қуръонро бо таҷвид барои онҳо бихонам ва ончунон маро ташвиқ мекарданд, ки гӯё ман қории бузург ҳастам».

Устод Шаҳҳот Анвар дар бораи вуруди худ ба радио мегӯяд: «Ду сол ба омӯзишгоҳ рафтам ва ҳамаи мақомот ва нағамоти қуръониро бо сифати аъло омӯхтам. То соли 1979, ки бори дигар дархостномаамро барои ворид шудан ба радио пешниҳод кардам ва дар ниҳоят муваффақ шудам. Онҳо барои тиловатҳои ман барномае таъин карданд ва аз ҳамон вақт ба радио роҳ ёфтам».

Устод Шаҳҳот Анвар борҳо бо даъвати Вазорати авқофи Миср ва дар аксари мавридҳо бо даъватҳои хусусӣ ба миллионҳо дӯстдорони Қуръони Карим дар хориҷ аз Миср, аз ҷумла Лондон, Лос-Анҷелес, Аргентина, Испания, Фаронса, Бразилия, кишварҳои ҳавзаи Халиҷи Форс, Нигерия, Зоир, Камерун ва бисёре аз давлатҳои Осиё, бахусус Эрон сафар кардааст. Ба гуфтаи худи ӯ, дар ҳамаи ин сафарҳо ҳадафе ҷуз ризои Худованд ва беҳбудии мусалмонон надошт.

Саранҷом ин қории ҷаҳони Ислом рӯзи 12 январи соли 2008 даргузашт. Тиловатҳои ҷаззоб ва рӯҳнавози ӯ ҷараёни тиловати Қуръонро дар Эрон ва ҳатто ҷаҳон тағйир дод. Ӯ ҳангоми вафот танҳо 57 сол дошт ва дар 10 соли охири умраш бинобар беморӣ натавонист тиловат кунад.

код

https://tabriz.iqna.ir/fa/news/4259244

captcha