Ба гузориши ИКНА ба нақл аз нашрия Нашнал, масҷиде, ки барои муддати тӯлонӣ ҳамчун ибодатгоҳ ва маркази иҷтимоӣ дар шаҳри Лос-Анҷелес фаолият мекард, дар пайи оташсӯзиҳои ахир, ки ин минтақаро фаро гирифт, ба харобазор табдил ёфт.
Бодҳои гарму хушки биёбони Калифорния, ки маъмулан онҳоро «бодҳои шайтонӣ» меноманд, сабаби шиддат гирифтани оташсӯзӣ дар Лос-Анҷелес шудаанд. Шӯълаҳои оташ шаби сешанбе масҷиди Аттақво дар минтақаи Алтаденаи Лос-Анҷелесро фаро гирифтанд. Ин масҷид яке аз ҳазорҳо сохтмоне маҳсуб мешавад, ки дар оташсӯзиҳои густарда дар Лос-Анҷелес вайрон шудааст.
Ҷунайд Осӣ, имоми ҷамоати ин масҷид, гуфт: «Масҷид ба таври комил вайрон шудааст ва ҳеҷ чиз солим боқӣ намондааст».
Осӣ афзуд, ки ин масҷид дар рӯзҳои пуриздиҳоми худ мизбони то 200 намозгузор буд. Ӯ ёдовар шуд, ки ин масҷид аз охири даҳаи 1970 фаъолият мекард ва сохтори сода дошт, ки аз якҷо шудани як мағоза ва як бинои идорӣ ташаккул ёфта буд. Масҷид бо фазои дӯстона ва самимонаи худ маъруф буд. Кӯшишҳо барои бозсозии масҷид оғоз шудаанд.
Абуҷурада, яке аз сокинони маҳаллӣ, ки маъмулан ҳар рӯз дар масҷиди Аттақво намоз мехонд, гуфт: «Бисёре аз мардум ҳис мекунанд, ки ин масҷид хонаи онҳост».
Ӯ ёдовар шуд, ки пас аз як моҳи рӯза гирифтан, дуо ва андеша дар моҳи Рамазон, аъзои зиёде аз масҷиди Аттақво барои тақсими ғизо дар ин масҷид ҷамъ мешуданд.
Ҳамчунин чанд канисо ва ду калисо низ дар ин оташсӯзиҳо хароб шудаанд. Мавҷи ин оташсӯзиҳо то кунун марги ҳадди ақал ҳафт нафарро тасдиқ кардааст ва беш аз даҳ ҳазор сохтмон дар ин ҳодиса сузонда шудаанд.