Ба гузориши ТоҷикПресс, Фармондеҳи кулли Сипоҳи Посдорони Инқилоби Исломии Эрон гуфт: мо аз солҳои дур барои муборизаҳои бузург ва ҷангҳои фаровон ва муқобилаҳои сангин ва ҳатто дарозмуддат бо қудратҳои ба назар бузурги ҷаҳон ва пайвастагиҳои минтақавии онҳо омода шудаем.
Ҳусейни Саломӣ афзуд, мо дар аввал ба қудрати Худо ва ёрии Ӯ бовар дорем ва дар давоми ин бовар ба қудрати дифоъӣ ва монеавии худ имон дорем.
Генерал Саломӣ: Ба душманон мегӯем, ки ҳисобҳои худро бисанҷанд ва хато накунанд.
Фармондеҳи Эрон ба душманони кишвараш ҳушдор дод: Мо аҳли амалем ва ба вақт ва ба андоза амал мекунем ва аз чизе ҳам гузашт намекунем. Ҳаракати шумо таҳти назорат мост.
Вай гуфт: Мо интизорем ва омодаем. Ба фармондеҳон мегӯем, ки барои вақте ки фармон расад, омода ва интизор бошед; барои он лаҳзае, ки фармон мерасад, то нишон диҳем, ки қудрати бузурги Эрон чӣ гуна аст.
Душман дар тӯли ҳафтаҳои ахир кӯшиш кард, ки қудрати Эронро суст нишон диҳад.
Фармондеҳи кулли Сипоҳи Пасдорони Эрон ишора кард, ки дар тӯли ҳафтаҳои ахир бо таваҷҷӯҳ ба тағйироти рӯйдода дар минтақа, як ҳаяҷон дар душманон ба вуҷуд омад. Душман кӯшиш кард, ки дар фазои амалиёти фазои маҷозӣ ва расонаӣ, чунин ба назар расонад, ки тағйироти ҷорӣ ба заъфи қудрат ва эҳтиромияти Ҷумҳурияти Исломии Эрон оварда расонидааст.
Вай илова кард: Мо бо ҳақиқати ин қудрат ошноем ва дар дили ин қудрат зиндагӣ мекунем ва бо бузургии ин қудрат ошноем ва медонем, ки ин хулосаҳо орзуи душман ва на воқеиятҳои мавҷуд аст.
https://tajikpress.com/2025/01/12/