IQNA

Эътирози Ал-Азҳар ба беэътинои ҷаҳонӣ нисбат ба марги кӯдакони сармозада дар Ғазза

21:06 - January 12, 2025
рақами хабар: 2716
ИКНА - Маркази исломии Ал-Азҳар бо ишора ба рӯйдодҳои дардноке чун ғарқшавӣ, тахриби паноҳгоҳҳо ва сармозада шудани кӯдакони Ғазза дар оғӯши модаронашон, аз беэътиноии ҷомеаи ҷаҳонӣ нисбат ба ин фоҷиаи инсонӣ эътироз кард.

Ба гузориши ИКНА, ба нақл аз "Раъюл-Явм", Маркази исломии Ал-Азҳари Миср рӯзи гузашта, 22 декабр, бо нашри баёнияи расмӣ, аз нотавонии доимии ҷомеаи байналмилалӣ дар муқобили шароити ғамангезе, ки мардуми Фаластин беш аз понздаҳ моҳ аст, ки дар сояи ҷанги Ғазза ва муҳосираро таҳаммул мекунанд, ибрози таассуф намуд.

Ал-Азҳар дар ин баёния, бо ишора ба фоҷиаҳои Ғазза, махсусан дар фасли зимистон, ки ҳодисаҳои талхи ғарқшавӣ, фурӯ рехтани хаймаҳо бар сари сокинон ва марги кӯдакон ва навзодони сармозада дар оғӯши модаронашонро рақам задааст, беэътиноии тасмимгирандагони сиёсӣ дар ҷаҳон ва набуди иродаи онҳо барои қатъи ин таҷовузи ҷинояткоронаи режими саҳюнистиро шадидан маҳкум кард.

Маркази исломии Ал-Азҳари Миср бо нашри баёнияи расмӣ, дар ҳоле ки аз фоҷиаи дардноки мардуми Фаластин дар Навори Ғазза нигаронии амиқи худро изҳор медошт, хостори иқдоми фаврии ҷомеаи ҷаҳонӣ барои расонидани кӯмакҳои башардӯстона ба ин минтақа шуд.

Ал-Азҳар дар ин баёния таъкид кард: таҷовузоти режими саҳюнистӣ ба Навори Ғазза фоҷиаи инсонии густурдаеро ба бор овардааст ва мардуми ин минтақа, ба хусус занон, кӯдакон ва пиронсолон, дар шароити хеле сахт қарор доранд.

Ин ниҳоди исломӣ ҳамчунин ба ҷиноятҳои ҷангии режими саҳюнистӣ дар Ғазза, аз ҷумла поксозии қавмӣ, наслкушӣ ва қатли ом ишора карда, аз набуди вокуниши муносиб аз сӯи ҷомеаи байналмилалӣ нисбат ба ин ҷиноятҳо ибрози таассуф намуд.

Дар миёни ин вазъияти ногувор, Ал-Азҳар хостори қабули тамоми тадбирҳо, равишҳо ва механизмҳои муассиру фаврӣ барои таъмин кардани ниёзҳои башардӯстона ва кӯмакҳои наҷотбахш ба мардуми осебдидаи Фаластин дар Навори Ғазза ва раҳоии онҳо аз ин вазъияти буҳронӣ шуд.

Ал-Азҳар дар ин баёния тасреҳ кард, ки фаластиниён низ, мисли соири инсонҳо, ҳаққи баҳрамандӣ аз ҳуқуқи инсонӣ ва ҳимояти қонунҳои байналмилалиро доранд. Аз ин рӯ, аз ҳамаи ниҳодҳои байналмилалӣ ва кишварҳои ҷаҳон даъват намуд, ки барои поён додан ба муҳосираи Ғазза ва кӯмак ба мардуми ин минтақа иқдоми фаврӣ анҷом диҳанд.

https://iqna.ir/fa/news/4259426

captcha