Ба гузориши ИКНА ба нақл аз Шаҳднюз, дафтари Вазорати умури исломӣ, даъват ва иршоди Арабистон дар Риёз беш аз 10,000 нусха Қуръони Каримро дар андозаҳо ва нашрҳои мухталиф, ки тавассути маҷмаи Фаҳд дар Мадина чоп шудаанд, дар миёни боздидкунандагони ғуруфаи ин вазоратхона дар нуҳумин ҷашнвораи меваҳои ситрусӣ дар устони Ал-Ҳариқ, ки аз 1-уми Раҷаби соли 1446 ҳиҷрии қамарӣ оғоз шудааст, тақсим кард.
Ин ҷашнвора бо мушорикати густардаи идораҳои давлатӣ ва созмонҳои маданӣ, инчунин ҷамъе аз деҳқонон, ки маҳсули зироатии худро дар ҷашнвора ба намоиш гузоштанд, баргузор шуда ва ҷумъаи гузашта ба кори худ поён дод.
Ғуруфаи Вазорати умури исломӣ маҷмӯае аз нусхаҳои Қуръон ва тарҷумаи он ба забонҳои мухталифи байналмилалиро ба намоиш гузошт. Зиёда аз 10,000 нусха Қуръони Карим бо ривоятҳои гуногун ва китоби "Тафсири Муяссар" барои тақсим дар миёни боздидкунандагон ҳангоми рӯзҳои ҷашнвора ихтисос дода шуд, то ҳар як боздидкунанда битавонад нусхае аз ин китобро дарёфт кунад.
Боздидкунандагони ҷашнвораи меваҳои ситрусӣ аз талошҳои Вазорати умури исломӣ, даъват ва иршод дар хидмат ба Ислом ва мусулмонон, ҳузури пайваста дар маъракаҳои гуногуни миллӣ ва мазҳабӣ, инчунин хадамоти электронии мавъиза ва иршод аз сӯи ин вазоратхона қадрдонӣ карданд.
Гуфтанист, устони Ал-Ҳариқ яке аз устонҳои минтақаи Риёзи Арабистони Саудӣ мебошад, ки дар 200-километрии Риёз, пойтахти ин кишвар, ҷойгир аст. Ин устон дар водии Наом дар минтақаи Ҷабали Тувайқ, дар ҷануби Наҷд воқеъ шуда ва сокинони он аз қабилаи Ал-Ҳазозана мебошанд.