IQNA

Чаро Худованд номи Амирул-муъминин (а)-ро «Алӣ» гузошт?

22:30 - January 14, 2025
рақами хабар: 2724
ИКНА - «Алӣ» номи мубораке аст, ки аз ҷониби Худованди Субҳон интихоб шудааст ва аз номҳои Худованди Мутаол реша мегирад.

Ба гузориши ИКНА, дар манобеи мухталифи шиъа ва аҳли суннат, барои Имоми Алӣ (а) лақабҳо ва кунияҳои бисёре зикр шудааст. Олим Ҳодӣ ибни Иброҳим дар китоби "Ал-Буруҷ фи Асмои Амирул-муъминин" то 290 унвон ва Собитӣ дар китоби "Алқоб ва сифоти Мавлал-мутақиён" беш аз 590 ном, лақаб ва сифат барои имом Алӣ (а) зикр кардаанд. Ҳамчунин, Козӣ Нуруллоҳи Шуштарӣ дар китоби "Эҳқоқул ҳақ ва изҳоқул ботил" 247 лақаберо, ки Паёмбар (с) барои имом Алӣ (а) истифода кардаанд, номбар кардааст.

Маънии номи «Алӣ»

Маркази пажӯҳишҳои ақидатӣ, вобаста ба дафтари Оятуллоҳ Сайид Алии Систонӣ, марҷаъи тақлиди шиъаёни Ироқ, ба саволҳо дар бораи номҳо, кунияҳо ва лақабҳои имоми Алӣ (а) посух додааст.

Ин марказ дар бораи номи «Алӣ» гуфтааст: «Алӣ» номи интихобшуда аз ҷониби Худованди Субҳон аст, ки аз номҳои Худованди Мутаол реша мегирад. Дар ривояте аз Паёмбари Акрам (с) омадааст: «Худованд ду номро аз номҳои худ барои мо интихоб кард: номи соҳиби арш "Маҳмуд" аст ва номи ман "Муҳаммад"; номи Худо "Аъло" аст ва номи писари амаки ман "Алӣ".»

Чигунагии номгузории имом Алӣ (а)

Дар ривояте омадааст, ки фариштаи ваҳй ба Фотима бинти Асад хитоб кард: «Эй Фотима! Ин кӯдак "Алӣ" номида мешавад, зеро ӯ "Алӣ" аст ва Худованд "Алии Аъло" мебошад. Худованд фармуд: Ман номи ӯро аз номи худ интихоб кардам, ӯро бо адаби худ тарбия намудам ва ӯро ба донишҳои душвори худ ошно кардам...»

Номи «Илё» барои имом Алӣ (а)

Маркази пажӯҳишҳои ақидатӣ дар бораи номи «Илё» зикр кардааст: Дар назди шиаҳои имомия машҳур аст, ки "Илё" номи имом Алӣ (а) ба забони ибрӣ аст. Дар мунозираи роҳибе бо имом Алӣ (а), ки дар ҳузури Абубакр сурат гирифт, роҳиб пурсид: «Эй ҷавон! Номи ту чист?» Имом Алӣ (а) фармуд: «Номи ман назди яҳудиён " Илёс" ва назди насрониён "Илё" аст. Падарам маро "Алӣ" ва модарам маро "Ҳайдара" номидаанд.»

Баъзе аз лақабҳои машҳури имом Алӣ (а) ва тарҷумаи онҳо

1.    Аху-р-Расул: Бародари Паёмбар (с)

2.    Асадуллоҳ: Шери Худо

3.    Амирул-муъминин: Фармондеҳ ва раҳбари мусулмонон

4.    Аввалу ман ғусиба ҳаққуҳ: Аввалин касе, ки ҳаққи ӯ ғасб шуд

5.    Баҳрул улум: Дарёи донишҳо

Ҳайдара: Шер (каноя аз шуҷоат ва далерӣ)

https://iqna.ir/fa/news/4259771

captcha