IQNA

“Исроил” маҷбур шуд созиши оташбасро бо манфиатҳои маҳдуд бипазирад

9:56 - January 17, 2025
рақами хабар: 2729
ИКНА - Як коршиноси умури амниятӣ ва сиёсии режими саҳюнистӣ иқрор кард, ки ҳарчанд ин режим маҷбур шуд созиши оташбас дар Ғаззаро бипазирад, манфиатҳои ин созиш барои Тел-Авив маҳдуд хоҳад буд.
Ба гузориши хабаргузории “Шаҳоб”, Ариэл Усуран, коршиноси умури амниятӣ ва сиёсии режими саҳюнистӣ, дар посух ба созиши оташбас дар Навори Ғазза гуфт: “Исроил ниёз дошт, ки бо созиши оташбас дар Навори Ғазза мувофиқат кунад, зеро бозгардондани асирон тавассути амалиёти низомӣ муваффақона анҷом нашуд.
”Ин коршиноси саҳюнист дар идомаи таҳлили худ афзуд: “Яке дигар сабабҳои мувофиқати Исроил бо созиши оташбас он буд, ки теъдоди зиёде аз низомиёни он дар ҷанги Ғазза кушта шуданд. Исроил дар саҳнаи байналмилалӣ танҳову камбизоат гардид ва Навори Ғазза низ дар остонаи нобудӣ қарор дошт. Бо ин вуҷуд, манфиатҳои ин созиш барои Исроил маҳдуд хоҳанд буд.
”Дар ҳамин росто, Узи Рафӣ, пажӯҳишгари баландпояи саҳюнист дар Маркази мутолиотии Ховари Миёнаи “Даён”, эълон кард, ки режими ишғолгар бо имзои созиши оташбас дар Ғазза вориди як нишеби хатарнок шудааст.
Рафӣ афзуд: “Бозгашт ба ҷанг пас аз марҳалаи аввали созиш, ки 6 ҳафта давом хоҳад кард, бисёр душвор хоҳад буд. Ҳамос стратегияи созмонёфтае барои қатъи ҷанг дорад ва ҳанӯз пойбарҷо аст.
”Гуфта мешавад, ки он чӣ аз дирӯз ва пас аз эълони дастёбӣ ба созиши оташбас дар Ғазза бештар аз ҳар чизи дигар таваҷҷуҳи расонаҳоро ҷалб кард, иқрори ошкори расонаҳо ва шахсиятҳои режими саҳюнистӣ ба шикасти ин режим дар Навори Ғазза за буд. 
https://tajikpress.com/2025/01/16/

 

captcha