IQNA

Ал-Азҳар: Муқовимати афсонавии фаластиниҳо дар таърих сабт хоҳад шуд

9:58 - January 17, 2025
рақами хабар: 2730
ИКНА - Донишгоҳи Ал-Азҳари Миср бо ифтихор ва ситоиш аз фидокориҳо ва муқовимати афсонавии мардуми Фаластин дар мубориза бо зулм ва ишғолгарӣ, аз ҳамаи озодихоҳони ҷаҳон талаб намуд, ки фавран тадбирҳои лозима барои кӯмак расонидан ба мардуми Ғаззаро оғоз кунанд.

Ба гузориши ТоҷикПресс, дар идомаи вокунишҳо ба эълони расмии оташбас дар минтақаи Ғазза, донишгоҳи Ал-Азҳар бо содир кардани баёнияе гуфт: Сабр ва муқовимати мардуми Фаластин дар муқобили душмани ишғолгар бо ифтихор ва шараф дар таърих сабт хоҳад шуд ва фидокориҳои шаҳидони Ғазза дар таърихи муборизаҳои миллатҳо зидди зулм, нақш хоҳанд гирифт.

Ал-Азҳари Миср афзуд: Мо аз ҳамаи мардумони азизи ҷаҳон мехоҳем, ки бо фиристодани қатори кӯмакҳои тиббӣ ва башарӣ, аз мардуми Фаластин дастгирӣ кунанд ва ҳамаи тадбирҳо ва кӯшишҳои худро барои наҷоти маҷрӯҳон ва осебдидагон дар Ғазза ҷамъ кунанд.

Шаби гузашта, саранҷом баъд аз 467 рӯз ва тақрибан 16 моҳ ҷанги Ғазза ва ишғолгарии режими саҳюнистӣ, мувофиқати оташбас эълон шуд. Нигоҳ ба ин мувофиқат нишон медиҳад, ки қарор аст се марҳилаи 6 ҳафтагӣ (ҳар марҳила 42 рӯз) ба дарозо равад. Расонаҳои байналмилалӣ хабар додаанд, ки мувофиқати оташбас аз ҷониби Ҳамос ва режими саҳюнистӣ тасдиқ ва имзо шудааст ва хабар додаанд, ки кабинетҳои амниятии Исроил низ ин мувофиқатро бо раъйи аксарияти овозҳо тасдиқ кардаанд.

Ҳаракати Ҳамос дар аввалин баёнияи худ баъд аз расидан ба оташбас гуфт: Мувофиқати оташбас натиҷаи муқовимати афсонавии мардуми Фаластин ва муқовимати қаҳрамони мо дар минтақаи Ғазза дар тӯли зиёда аз 15 моҳи гузашта мебошад. Мувофиқат оташбас ва бас кардани ҷанг дар Ғазза дастоварде барои мардуми мо, муқовимат, уммати исломӣ ва озодихоҳони ҷаҳон ва нуқтаи қайд дар роҳнамоии мубориза бо душман барои расидан ба ҳадафҳои миллат дар роҳи озодӣ ва бозгашт ба ватан мебошад.

Ҳамос илова кард: Ин мувофиқат аз масъулияти мо дар баробари мардуми сабрнок ва муқовими Ғазза барои бас кардани ҳуҷум ва ҷангҳои душмани саҳюнистӣ дар муқобили ин миллат ва ба анҷом расондани ҷараёни хунрезиҳо, қатлҳо ва ҷанги нажодкӯшӣ, ки дар муқобили онҳо анҷом дода мешавад, бармеояд.

https://tajikpress.com/2025/01/16/

captcha