IQNA

Пирӯзи муқовимат дар Ғазза: вокуниши гурӯҳҳои муқовимат ба оташбас

10:00 - January 17, 2025
рақами хабар: 2731
ИКНА - Гурӯҳҳои муқовимат ва шахсиятҳои мухталиф, тавофуқи оташбас дар Ғаззаро як пирӯзи бузург барои мардуми Фаластин ва ҷаҳон исломӣ тавсиф карданд.

Ба гузориши ТоҷикПресс, пас аз гузашти 467 рӯз аз ҷанги Ғазза ва расидан ба тавофуқи оташбас, гуруҳҳои муқовимат ин тавофуқро шикасти Исроил ва пирӯзи муқовимат шумориданд.

Шейх Ҳамом Ҳамудӣ, раиси Маҷлиси олии исломии Ироқ, ин оташбасро нишонаи шикасти Исроил ва Нетаняҳу, нахуствазири ин кишвар хонд.

Муҳаммад Абдусаллом, сухангӯи Ансоруллоҳи Яман, аз муқовимати таърихии мардуми Ғазза ситоиш кард ва ба аҳамияти идомаи масъалаи Фаластин таъкид намуд.

Гурӯҳҳои муқовимати Ироқ, монанди Ҷунбиши Нуҷабо низ ин пирӯзиро табрик гуфтанд ва эълон намуданд, ки дар сурати ҳар гуна амалҳои душманона аз ҷониби Исроил, омодагии муқобиларо доранд.

Гурӯҳҳои дигаре, ки дар Фаластин фаъолият доранд, монанди Ҳамос ва Ҷиҳоди Исломӣ низ таъкид карданд, ки муқовимати Фаластин ба хоҳишҳояш расидааст ва Исроил маҷбур шудааст, ки шартҳои муқовиматро қабул кунад.

Ҷабҳаи Демократии Озодии Фаластин ин тавофуқро натиҷаи фидоияти мардуми Фаластин шуморид ва ба идомаи муборизаи онҳо таъкид кард.

https://tajikpress.com/2025/01/16/

captcha