Ба гузориши ИКНА, ба нақл аз Ал-Мисрӣ Ал-Явм, Радио Қуръони Миср бо нашри як баёния эълом кард, ки бо таваҷҷуҳ ба ҳаҷми зиёди тиловатҳои шайх Мустафо Исмоил дар барномаҳои кунунӣ, дар давраи оянда азон бо садои ин қории маъруф низ аз радио пахш хоҳад шуд.
Дар идомаи баёния омадааст, ки ин иқдом ба манзури гуногунӣ ва ғанигардонии барномаҳои тиловат, азон ва ибтиҳолҳои динӣ дар Радиои Қуръони Миср амалӣ мешавад.
Пештар, шунавандагони Радиои Қуръони Миср аз набудани азони Мустафо Исмоил дар рӯйхати барномаҳои радио интиқод карда буданд. Масъулони ин расона, дар посух ба дархостҳои такрорӣ, эълом карданд, ки азони ӯ дар рӯйхати барномаҳои оянда ҷой дода хоҳад шуд.
Шайх Мустафо Исмоил 17 июни соли 1905 дар рустои Мит Ғазоли ноҳияи Санта, вилояти Ғарбияи Миср таваллуд шудааст. Охирин тиловати ӯ 22 декабри соли 1978 дар масҷиди Ал-Баҳри шаҳри Думёт дар ҳузури Анвар Содот, раисиҷумҳури вақти Миср анҷом шуд.
Ҷамоварии комили азонҳои ин қории барҷастаи мисрӣ тавассути канали Телеграми ӯ нашр шудааст. Ин азонҳо дар маконҳо ва замонҳои мухталиф, аз ҷумла қасри Малик Форуқ дар даҳаи 40-и милодӣ, масҷиди Ал-Азҳар дар Қоҳира, масҷиди Умавии Сурия, Ироқ, Туркия, Лубнон ва дигар кишварҳо иҷро шудаанд.