Ба гузориши ИКНА, ба нақл аз хабаргузории "Само", пас аз ин давраи тӯлонии ҷанг, оташбас субҳи имрӯз якшанбе расман ба иҷро даромад. Пас аз оғози оташбас, манбаъҳои расонаӣ аз ҳузури ҷанговарони "Катоиб шаҳид Иззуддин Қассом", шохаи низомии ҷунбиши Ҳамос, дар ҷануби Навори Ғазза хабар доданд.
Ҳамзамон шаҳрвандони фаластинӣ ва аҳолии Ғазза бо баргузории ҷашн ва хушҳолӣ дар манотиқи гуногун, ба хусус дар атрофи беморхонаи “Шуҳадои Ал-Ақсо” ин рӯйдодро таҷлил карданд.
Расонаҳои фаластинӣ ҳамчунин тасвирҳое аз бозгашти гурезаҳои фаластинӣ ба хонаҳои худ нашр карданд. Намойиши роҳпаймоии муборизони муқовиматро низ ҳамчун нишонаи дигар аз шикасти режими саҳюнистӣ дар расидан ба аҳдофи худ маънидод карданд.
Бо оғози оташбас, фаластиниён ба бозгашт ба минтақаи Байт Ҳанун дар шимоли Навори Ғазза оғоз карданд ва нерӯҳои пулиси Фаластин дар ин минтақа мустақар шуданд. Ин лаҳзаҳои сарнавиштсоз пас аз моҳҳо ҷанг, хунрезӣ, гурезагӣ ва бомбборон фаро мерасанд, дар ҳоле ки муқовимат кӯшиш мекунад ҳарчи бештар маҳбусони фаластиниро аз боздоштҳои режими саҳюнистӣ озод кунад.
Дар ҳамин робита, Аҳмад Ас-Суфӣ, шаҳрдори Рафаҳ, изҳор дошт: "Мо омодаем, ки тарҳи тадриҷии бозкушоии кӯчаҳои шаҳри Рафаҳро иҷро кунем, то ҳаёти муқаррарӣ дубора оғоз шавад ва равуои амн барқарор гардад."
Ӯ таъкид кард: "Муқовимат ва фидокории мардуми Рафаҳ дар ин давраи душвори гузашта сазовори қадршиносӣ аст ва аз сокинон хоҳиш мекунем, ки дар бозгашт ба манотиқи хатарнок шитоб накунанд."
Ас-Суфӣ афзуд: "Барои фароҳам кардани шароит барои гурӯҳҳои поксозии минаҳо ва бартараф кардани дигар хатарҳо муҳим аст. Шаҳрдории Ғазза тамоми талоши худро барои барқарории зиндагии муқаррарӣ дар Рафаҳ ҳарчи зудтар анҷом хоҳад дод. Кормандони мо шабонарӯзӣ бо ҳамоҳангии мақомоти марбута барои хидматрасонӣ ва баргардонидани зиндагӣ ба маҷрои муқаррарӣ фаъолият хоҳанд кард."
Ӯ изҳори умедворӣ кард, ки бо ҳамкорӣ бо сокинон метавонанд ин марҳиларо бомуваффақият паси сар кунанд ва як ояндаи амнро бино кунанд.
Тибқи тавофуқи байни Фаластин ва режими ишғолгар, муқовимати Фаластин 3 нафар асирони исроилиро, ки дар амалиёти "Тӯфони Ал-Ақсо" рӯзи 7 октябри соли 2023 боздошт шуда буданд, озод мекунад ва онҳоро ба Кумитаи байналмилалии Салиби Сурх таслим хоҳад кард.