ИКНА - Марҳилаи ниҳоии чилу якумин давраи мусобиқоти байналмилалии Қуръони Ҷумҳурии Исломии Эрон бо ҳузури 57 қорӣ, мураттил ва ҳофизи кулл аз 27 кишвар баргузор мешавад. Ин дар ҳолест, ки пеш аз ин, дар марҳилаи муқаддамотии ин давра намояндагони 104 кишвар ширкат доштанд.
Ба гузориши ИКНА, марҳилаи ниҳоии чилу якумин давраи мусобиқоти байналмилалии Қуръони Ҷумҳурии Исломии Эрон рӯзҳои 7 то 12 баҳманмоҳ дар шаҳри муқаддаси Машҳад баргузор хоҳад шуд.
Марҳилаи муқаддамотӣ аз 25 деймоҳ оғоз шуда, рӯшан шуд, ки кадом афрод ба марҳилаи ниҳоии ин рӯйдоди байналмилалӣ роҳ ёфтаанд.
Дар марҳилаи муқаддамотӣ наздик ба 400 ширкаткунанда аз 104 кишвар дар ду гурӯҳи занон ва мардон ва дар панҷ ришта мавриди арзёбии ҳайати доварон ба таври ғайриҳузурӣ қарор гирифтанд. Дар натиҷа, 57 қорӣ, ҳофиз ва мураттили Қуръони Карим дар панҷ ришта ба марҳилаи ниҳоӣ роҳ ёфтаанд.
Дар марҳилаи ниҳоии чилу якумин давраи мусобиқоти байналмилалии Қуръони Ҷумҳурии Исломии Эрон, ғайр аз Эрон, намояндагони 26 кишвари дигар низ ҳузур доранд. Дар миёни онҳо танҳо ду кишвар — Эрон ва Бангладеш — бо панҷ ширкаткунанда дар ин рӯйдоди байналмилалӣ бештарини иштирокчиёнро доранд.
Ҳамчунин, кишварҳои Лубнон, Соҳили Оҷ, Индонезия ва Ироқ, ҳар кадом бо доштани чор намоянда пас аз кишварҳои Эрон ва Бангладеш қарор доранд. Яке аз нукоти ҷолиби марҳилаи ниҳоии ин давра аз мусобиқот ҳузури се намоянда аз кишвари Миср дар бахши мардон мебошад.
Дар чилу якумин давраи мусобиқоти байналмилалии Қуръони Ҷумҳурии Исломии Эрон намояндагон аз кишварҳои зерин ширкат доранд:
• Ҷумҳурии Исломии Эрон (5 нафар),
• Бангладеш (5 нафар),
• Лубнон (4 нафар),
• Соҳили Оҷ (4 нафар),
• Индонезия (4 нафар),
• Ироқ (4 нафар),
• Нигерия (3 нафар),
• Филиппин (3 нафар),
• Миср (3 нафар),
• Афғонистон (2 нафар),
• Яман (2 нафар),
• Покистон (2 нафар),
• Қирғизистон (2 нафар),
• Гана (1 нафар),
• Сенегал (1 нафар),
• Баҳрайн (1 нафар),
• Таиланд (1 нафар),
• Кения (1 нафар),
• Либия (1 нафар),
• Австралия (1 нафар),
• Тунис (1 нафар),
• Финляндия (1 нафар),
• Ҳиндустон (1 нафар),
• Танзания (1 нафар),
• Олмон (1 нафар),
• Комор (1 нафар),
• Канада (1 нафар).
Чилу якумин давраи мусобиқоти байналмилалии Қуръони Карим Ҷумҳурии Исломии Эрон дар соли 1403 ҳангоми маросиме аз рӯзи якшанбеи 7 баҳманмоҳ дар толори Қудси Остони Қудси Разавӣ воқеъ дар басти Шайх Тӯсии Остони муқаддаси Имоми Ризо (а) оғоз мешавад.
Ин мусобиқот рӯзи ҷумъаи 12 баҳманмоҳ ҳангоми маросиме бо муаррифии беҳтаринҳо дар риштаҳои ҳифзи кулл, қироати таҳқиқӣ ва қироати тартилии бахшҳои мардон ва занон ба поён мерасад.