IQNA

Баргузории нахустин мусобиқоти умумии қуръонӣ дар донишгоҳҳои Ироқ + акс

16:41 - January 20, 2025
рақами хабар: 2750
ИКНА - Нахустин мусобиқоти ҳифз ва тиловат бо тафсири Қуръон, ки махсуси донишгоҳҳои Ироқ аст, бо ташаббуси Маҷмаи илмии Қуръони Остони муқаддаси Аббосӣ дар ин кишвар дар ҳоли баргузорӣ мебошад.

Ба гузориши ИКНА, нақли қавл аз Ал-Кафил, Сайид Муҳаннад Ал-Миёлӣ, мудири Маҷмаи илмии Қуръони Остони Аббосӣ, изҳор дошт, ки ин марказ нахустин мусобиқоти миллии донишгоҳии ҳифз ва тиловати Қуръон бо тафсирро баргузор кардааст.

Вай афзуд, ки ин мусобиқот аз донишгоҳҳои Бағдод ва Мустансирия оғоз шуда ва ҳоло ба донишгоҳи Басра расидааст.

Ал-Миёлӣ таъкид кард, ки ин мусобиқот махсуси донишҷӯёни ҳофиз ва қории Қуръон мебошад ва ба қироат, тиловат бо тафсир, ва тасаллут бар тафсири нусси қуръонӣ ва тадаббур дар мафоҳими қуръонӣ тамаркуз дорад.

Вай гуфт, ҳайати доварии ин рақобатҳо аз доварони барҷастаи дохилӣ ва байналмилалӣ иборат аст. Қоидаҳои доварии мусобиқот ба таври электронӣ танзим шуда ва бо сабаби дақиқии баланд, хатои он ба сифр баробар аст.

https://iqna.ir/fa/news/4260833

captcha