IQNA

Тақсими Қуръон миёни хонандагони мактабҳои динӣ дар Бурунди

16:43 - January 20, 2025
рақами хабар: 2751
ИКНА - Корвони хайрияви "Ал-Амал", ки дар Туркия фаъолият мекунад, ба тақсим ва ҳадя кардани нусхаҳои Қуръон миёни хонандагони мактабҳои динӣ дар кишвари Бурунди иқдом намуд.

Ба гузориши ИКНА, нақли қавл аз ilkha.com, ин нусхаҳои Қуръон дар доираи фаъолиятҳои башардӯстонаи корвони "Ал-Амал" ва бо ҳимояти хайрхоҳон дар миёни садҳо хонандаи мактабҳои динӣ тақсим шуданд.

Аъзои корвон, ки қаблан низ иқдомоти хайрияви дигаре, аз ҷумла тақсими гӯшт ва садақаҳо дар миёни ниёзмандони Бурунди анҷом дода буданд, ин Қуръонҳоро ҳамчун ҳадяи арзишманд ба хонандагони мактабҳои динӣ ва ятимхонаҳо тақдим намуданд.

Абдулваҳоб Қаблон, яке аз довталабон ва аъзои корвони "Ал-Амал", дар ин бора гуфт: "Ин нусхаҳои Қуръон миёни садҳо хонанда дар яке аз марказҳое, ки ҳамчун макони омӯзиши динӣ ва паноҳгоҳи ятимон истифода мешавад, тақсим шуданд."

Ӯ илова кард, ки хонандагон ва ҳамсабақонашон бо сипосгузорӣ аз ин иқдом барои хайрандешоне, ки дар ин кори нек саҳим буданд, дуо карданд.

Гуфтанист, корвони "Ал-Амал" яке аз ҷамъиятҳои хайрия дар Туркия аст, ки қароргоҳаш дар шаҳри Истанбул ҷойгир мебошад. Ин корвон дар Туркия ва дигар кишварҳо фаъолиятҳои хайрия ва башардӯстона анҷом медиҳад.

Ҳамчунин, "Ал-Амал" бо ҳимоят аз мардуми Ғазза ва Фаластин барои кумак ба фаластиниён, таъмин кардани ниёзҳои рӯзмарра ва коҳиш додани мушкилоту ранҷҳои онҳо иқдомҳои гуногунро анҷом додааст.

https://iqna.ir/fa/news/4260854

captcha