Оятҳои 29 то 36-и сураи Мутаффифин, достони гурӯҳе аз Бани Умайя ва мунофиқонро нақл мекунад, ки бархе аз аҳли имонро масхара ва тамасхур мекарданд. Қуръони Карим дар ин оятҳо мефармояд:
إِنَّ الَّذِينَ أَجْرَمُوا كَانُوا مِنَ الَّذِينَ آمَنُوا يَضْحَكُونَ 29 وَإِذَا مَرُّوا بِهِمْ يَتَغَامَزُونَ 30 وَإِذَا انْقَلَبُوا إِلَىٰ أَهْلِهِمُ انْقَلَبُوا فَكِهِينَ 31 وَإِذَا رَأَوْهُمْ قَالُوا إِنَّ هَٰؤُلَاءِ لَضَالُّونَ 32 وَمَا أُرْسِلُوا عَلَيْهِمْ حَافِظِينَ 33 فَالْيَوْمَ الَّذِينَ آمَنُوا مِنَ الْكُفَّارِ يَضْحَكُونَ 34 عَلَى الْأَرَائِكِ يَنْظُرُونَ 35 هَلْ ثُوِّبَ الْكُفَّارُ مَا كَانُوا يَفْعَلُونَ 36
Тарҷумаи оятҳо: 29. Ҳамоно ҷинояткорон пайваста ба аҳли имон механдиданд. 30. Ва ҳар гоҳ аз назди онҳо мегузаштанд, (бо чашму абрӯ) ба якдигар ишора мекарданд. 31. Ва чун назди аҳли худ бармегаштанд, бо шодӣ ва шухӣ бармегаштанд. 32. Ва ҳар гоҳ аҳли имонро медиданд, мегуфтанд: “Бешубҳа, инҳо гумроҳанд!” 33. Дар ҳоле ки онон (кофирон) масъули назорат бар мӯъминон набуданд. 34. Пас имрӯз, мӯъминон бар кофирон механданд. 35. Дар ҳоле ки бар тахтҳои биҳиштӣ нишаста, он чиро мебинанд. 36. Оё кофирон ҷазои корҳояшонро дарёфтанд?
Дар идомаи оятҳои гузашта, ки аз неъматҳо ва подошҳои бузурги аҳли некӣ ёдоварӣ мекунад, ин оятҳо ба бархе аз машаққатҳо ва ранҷҳои онон дар ин дунё, ки ба хотири имон ва тақво таҳаммул мекарданд, ишора менамояд. Ин ранҷу машаққатҳо нишон медиҳад, ки он подошҳои бузург беҳуда нестанд.
Рӯзе мунофиқон мӯъминонро масхара мекарданд, аммо рӯзе хоҳад омад, ки мӯъминон дар ҳоле ки бар тахтҳои иззат такя задаанд ва аҳли дӯзахро мебинанд, кайфари онҳоро мушоҳида хоҳанд кард.
Бархе аз муфассирони аҳли суннат дар тафсири ин оят навиштаанд: рӯзе Имом Алӣ (а) ва гурӯҳе аз мӯъминон аз назди гурӯҳе аз кофирони Макка мегузаштанд. Онҳо ба ҳазрат ва мӯъминон механдиданд ва онҳоро масхара мекарданд. Ин оятҳо дар ҳимоят аз ишон нозил шуд ва оқибати масхаракунандагонро дар рӯзи қиёмат рӯшан сохт.
Барои мутолиаи бештар ба манбаъҳои зерин муроҷиа кунед: