Ба гузориши ИКНА, нақл аз Hyphen Online, Муҳаммад Абдулҳалим, Қуръоншиноси мисрӣ, аз тарҷумонҳо ва муҳаққиқони барҷастаи омӯзиши Қуръон аст. Ӯ соли 1930 дар Миср ба дунё омада, дар давраи кӯдакии худ Қуръонро ҳифз кардааст. Истеъдоди волои ӯ дар ҳифз ва дарки Қуръон боис шуд, ки дар синни 11-солагӣ вориди Донишгоҳи Ал-Азҳар шавад ва пас аз таҳсил дар он ҷо, бурсияе аз Донишгоҳи Кембриҷ ба ӯ дода шуд. Ӯ беш аз ним аср дар Англия зиндагӣ ва таҳсил кардааст ва рисолаи доктории худро дар ҳамин донишгоҳ анҷом додааст.
Аз соли 1971 Абдулҳалим устоди кафедраи омӯзиши исломии Малик Фаҳд дар факултаи омӯзиши Шарқ ва Африқои Донишгоҳи Лондон (SOAS) мебошад. Соли 2004 нашриёти Донишгоҳи Оксфорд тарҷумаи Қуръони Абдулҳалим ба забони англисӣ бо номи The Quran: A New Translation нашр кард, ки ҳамчун яке аз мӯътабартарин тарҷумаҳои Қуръон ба ин забон шинохта мешавад. Ин тарҷума, ки анҷоми он ҳафт сол тӯл кашид, бо таъкид бар зебоӣ ва жарфои адабии Қуръон ва ҳамзамон қобили фаҳм будан барои хонандагони муосир — мусалмон ва ғайримусалмон — ситоиш шудааст. Ӯ ҳамчунин сардабири маҷаллаи "Омӯзиши Қуръон" (Journal of Qur'anic Studies) мебошад, ки тавассути нашриёти Донишгоҳи Эдинбург чоп мешавад.
Абдулҳалим ба хотири хидматҳои арзишманди худ дар фарҳанг ва адабиёти арабӣ ва ҳамзистии миёни адён соли 2008 нишони "Империяи Британия" (OBE)-ро дарёфт кардааст. Ӯ дар мусоҳибаи ахир сабаби рӯ оварданаш ба тарҷумаи Қуръон ва авлавиятҳо ва усули кори худро баён кардааст.
Ӯ дар посух ба ин суол, ки чаро зиндагии худро ба Қуръон бахшид, гуфт: "Ман Қуръонро аз кӯдакӣ дар Миср ҳифз кардам, ки муҳаббат ба забони арабӣ ва исломро дар қалб ва зеҳнам решадор кард. Қуръон ҳар рӯз бо ман аст. Даҳсолаҳо буд, ки ҳар рӯз Қуръонро мутолиа мекардам ва эҳсос мекардам, ки дар дарки амиқи матн нисбат ба дигарон бартарӣ дорам. Аз ин рӯ тасмим гирифтам, тамоми талошамро барои омӯзиш ва таълифи Қуръон бахшам."
Ӯ афзуд: "Дар давоми даҳаи 1980 як тағйири муҳиме дар зиндагии ман рух дод. Ман тамоми талошҳои илмии худро ба таҳқиқоти қуръонӣ ихтисос додам. Дар шӯъбае, ки таҳсил мекардам, устоди бонуфузе буд, ки бар ин бовар буд Қуръон дар асри сеюми ҳиҷрӣ навишта шудааст ва пеш аз он аз ҷониби инсонҳо таҳриф шудааст. Аз ҳамин ҷиҳат ман сахт бо ӯ муқобала кардам ва тасмим гирифтам талоши худро дар равобит бо Қуръон тамаркуз диҳам, зеро фикр мекардам маъно надорад, ки ман бақияи зиндагии худро дар Англия барои омӯзиш ва пажӯҳиши адабиёт гузаронам, дар ҳоле ки афроде мисли ӯ ба Қуръон беэҳтиромӣ карда, симои нодурустеро аз он намоиш медиҳанд."
Ӯ гуфт: "Аз нимаи дуюми солҳои 80 таҳқиқоти қуръонии худро оғоз кардам, то ин ки дар даҳаи 90 тамоми барномаҳои илмии худро ба таҳқиқоти қуръонӣ ихтисос додам. Пас аз он ки ҳамчун устоди омӯзиши исломӣ таъин шудам, соли 1995 маркази махсуси таҳқиқоти исломӣ бо меҳвари таҳқиқоти қуръониро таъсис додам. Сипас маҷаллаи таҳқиқоти Қуръонро роҳандозӣ кардам ва аз соли 1999 то имрӯз сардабирии онро бар уҳда дорам."
Ин тарҷумони барҷаста дар мавриди он ки чӣ гуна тарҷумаашро ба маънои арабӣ наздик мекунад, гуфт: "Забони муосир ва дарки ман аз Қуръон муҳимтарин омил дар ин тарҷума буд. Баъзеҳо фикр мекунанд, ки ин тарҷума ба таври лафзӣ аз забони арабӣ шудааст, аммо ин тарҷумаи адабӣ аз арабӣ ба англисӣ мебошад."
Ӯ идома дод: "Вақте калимотро мехонам, онҳоро ба гунае тарҷума мекунам, ки эҳсос мекунам усули дурусти ифодаи он ба англисӣ ҳамин аст. Аз ин рӯ, ба ҷои тарҷумаи калима ба калима, мафҳуми матнро тарҷума кардам. Дар омӯзиши тарҷума ба ин усул, назарияи ҳамарзиш мегӯянд."
Ӯ бар ин аст, ки аввалин вижагии тарҷумаи ӯ ба забони англисӣ будани он бармегардад, ки забони нав ва қобили фаҳм барои хонандагони англисзабон аст. Дар ин тарҷума талош шудааст, ки хусусиятҳои адабӣ ва фасоҳати забони арабӣ ба хонандагони англисзабон интиқол дода шавад.
Ӯ дар бораи аҳаммияти тарҷумаҳои дастрас ва муосир гуфт: "Қуръон матни асосии ислом аст ва бисёре аз тарҷумаҳои мавҷуд нодуруст ва бо забони ғайриқобили фаҳм мебошанд. Аз ин рӯ муҳим аст, ки паёми амиқи Қуръон барои хонандагони ғайримусулмон ва ғайриарабзабон баён шавад."
Ӯ афзуд: "Ҳатто баъзе аз мардум пас аз хондани тарҷумаи ман ба ислом гаравиданд. Ҳарчанд ҳадафи ман аз ин тарҷума ташвиқи мардум ба ислом набуд, аммо мушоҳидаи таъсири тарҷумаи ман дар майли дигарон ба ислом барои ман хеле муҳим ва арзишманд аст."