Ба гузориши ИКНА, нақл аз Russia Today, Содир Ҷабборов қонуни мазкурро имзо карда, ки бар асоси он, баргузории маросимҳои динӣ дар хонаҳои пиронсолон, зиндонҳо ва воҳидҳои низомӣ низ бо маҳдудиятҳое рӯбарӯ мешавад.
Ин қонун ҳамчунин маҷбур кардани дигарон ба анҷоми аъмоли динӣ ва низ тавзеъ (тақсим) кардани адабиёт ва нашрияҳои дорои мазмунҳои динӣ дар муассисаҳои омӯзишӣ, маконҳои умумӣ ва партофтани он дар хонаҳоро мамнӯъ эълон кардааст.
Илова бар ин, бар пояи қонуни мазкур, таъсиси аҳзоби сиёсӣ бо заминаи динӣ мамнӯъ буда, барои афроде, ки ин муқарраротро нақз мекунанд, ҷаримае дар ҳудуди 22 ҳазор рубл (тахминан $230) муқаррар шудааст.
Дар моҳи декабри соли 2024, порлумони Қирғизистон тарҳи қонунеро тасвиб кард, ки бар асоси он заноне, ки дар маконҳои умумӣ ва биноҳои давлатӣ аз ниқоб истифода мекунанд, ба маблағи 230 доллар ҷарима мешаванд. Қонунгузорон далел оварданд, ки либосҳои мазҳабӣ монеи шиносоии дурусти афрод дар идораҳои давлатӣ ва маконҳои умумӣ мегарданд.
Бар асоси қонун, пешвоёни мазҳабӣ наметавонанд бидуни таъйиди ниҳодҳои марбут дар хонаҳои пиронсолон, марказҳои ислоҳӣ ё нерӯҳои мусаллаҳ маросим баргузор кунанд. Фаъолиятҳои сиёсӣ бо асоси дин, таъсиси аҳзоби сиёсӣ бо пайвандҳои мазҳабӣ ва истифодаи мазмунҳои динӣ дар маводи таблиғотӣ мамнӯъ аст.
Илова бар ин, табъиз бар асоси мазҳаб, чӣ дар воқеият ва чӣ онлайн, мамнӯъ аст. Фаъолиятҳои мазҳабӣ ё истифодаи маконҳои мазҳабӣ бидуни сабти ном иҷоза дода намешавад. Ин қонун шаҳрвандонеро, ки барои таҳсилоти мазҳабӣ ба хориҷ аз кишвар мераванд, муваззаф мекунад, ки аз Комиссияи давлатии умури динӣ таъйиди лозимро бигиранд.
Таблиғоти динӣ танҳо дар маконҳои мазҳабӣ ва муассисаҳои омӯзишӣ иҷоза шудааст. Дар муқобил, таблиғ ва тарвиҷи дин дар идораҳои давлатӣ, шаҳрдориҳо ва нерӯҳои мусаллаҳ мамнӯъ мебошад. Иштироки ноболиғон дар фаъолиятҳои мазҳабӣ ё таъйини онҳо дар мансабҳои мазҳабӣ иҷоза дода намешавад. Иҷбор барои тағйири дин низ манъ шудааст.
Қаблан, Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон низ қонуни манъи ниқобро тасдиқ карда буд. Мақомоти Тоҷикистон пӯшишҳое, ки рӯйро мепӯшонанд, барои ҷомеа мушкилзо ва омиле барои дурӣ аз фарҳанг ва ҳувияти миллӣ эълом карда буданд.