IQNA

Дархости раисҷумҳури Туркия барои ҳимоят аз Ғазза пас аз оташбас

17:18 - January 22, 2025
рақами хабар: 2763
ИКНА - Раисҷумҳури Туркия аз кишварҳои исломӣ даъват кард, ки пас аз оташбас, ҳимоятҳои худро аз мардуми Ғазза идома диҳанд.

Ба гузориши ИКНА, ба нақл аз Daily Sabah, Раҷаб Тайиб Ардуғон, раисҷумҳури Туркия, аз кишварҳои мусалмон хост, пас аз оташбаси ахир, ҳимоят аз фаластиниёнро, ки барои бақои худ ба кӯмакҳои башардӯстона вобастаанд, идома диҳанд.

Ардуғон дар суханронии худ пас аз нишасти кобина дар Анқара, пойтахти Туркия, аз ҷаҳони араб ва кишварҳои исломӣ даъват кард, ки талош ва ҳимоят аз мардуми Ғаззаро тавассути эъломи ҳамбастагӣ ва ироаи кӯмакҳои башардӯстона афзоиш диҳанд.

Ӯ таъкид кард, ки Туркия тавассути талошҳои дипломатии чандҷониба нақши фаъол дар осон кардани тавофуқи оташбас дошт. Ардуғон аз мардуми Фаластин барои истодагариашон дар дифоъ аз сарзаминашон, бо вуҷуди мушкилоти бузурге, ки бо он рӯбарӯ буданд, қадрдонӣ кард.

Ардуғон ба рафтори ғайриинсонии Исроил бо фаластиниёне, ки дар зиндонҳои ин режим қарор доранд, ишора кард. Ӯ вазъи ҷисмонӣ ва рӯҳии фаластиниёни боздоштшударо, ки таҳти гуруснагӣ ва шиканҷа қарор доранд, маҳкум намуда, зикр кард, ки гаравгононе, ки аз тарафи Ҳамос асир шудаанд, дар шароити беҳтаре қарор доранд.

Ӯ афзуд: "Тасвирҳои мубодилаи гаравгонҳо миёни Исроил ва Фаластин нишон медиҳанд, ки кадом тараф барои ҷон ва шарафи инсонӣ арзиш қоил аст."

Оташбас дар Навори Ғазза

Пас аз 471 рӯзи ҷанги хунин дар Навори Ғазза, ниҳоят, соати 8:30 субҳи якшанбе, 19 январи соли ҷорӣ (30 декабр), марҳилаи нахусти оташбаси ҷадид миёни режими саҳюнистӣ ва муқовимати Фаластин дар Навори Ғазза иҷро шуд.

Ин оташбас на танҳо барои поёни муваққатии даргириҳо тарҳрезӣ шудааст, балки ҳамчун абзоре барои мубодилаи асирон ва оғози роҳи душвор ба сӯи истиқрори субот дар минтақа аҳаммияти махсус дорад.

Тафсилоти тавофуқ

Оташбаси ҷадид миёни режими ҷинояткор ва кӯдаккуши саҳюнистӣ ва Ҳамос бо миёнҷигарии Миср, Қатар ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ба тавофуқ расида, қарор аст дар марҳилаи аввал ба муддати шаш ҳафта иҷро шавад. Дар сурати пойбандии ҳамаи тарафҳо ба тааҳҳудоти худ, ин тавофуқ ба марҳилаи дуюм ва сеюм мегузарад. Дар ибтидо, ин тавофуқ барои озод кардани асирони ҳар ду тараф тарҳрезӣ шудааст.

https://iqna.ir/fa/news/4261222

captcha