IQNA

Вуруди нахустин ширкаткунандагон ба мусобиқоти байналмилалии қуръонии Эрон

21:07 - January 24, 2025
рақами хабар: 2766
ИКНА - Нахустин гурӯҳи ширкаткунандагон ва меҳмонони мусобиқоти байналмилалии қуръонии Ҷумҳурии Исломии Эрон рӯзи панҷшанбе вориди кишвар шуданд ва дар Фурудгоҳи Имом Хумайнӣ (рҳ) мавриди истиқбол қарор гирифтанд.

Ба гузориши ИКНА, камтар аз се рӯз то оғози марҳилаи ниҳоии чилу якумин даври мусобиқоти байналмилалии қуръонии Ҷумҳурии Исломии Эрон, нахустин гурӯҳи ширкаткунандагон ва меҳмонони ин рӯйдоди байналмилалӣ рӯзи 23 январ аз тариқи Фурудгоҳи Имом Хумайнӣ (рҳ) вориди кишвар шуданд.

Марҳалаи ниҳоии мусобиқоти байналмилалии қуръонии Ҷумҳурии Исломии Эрон рӯзи якшанбеи 26 январ бо баргузории маросими ифтитоҳия дар шаҳри муқаддаси Машҳад оғоз хоҳад шуд ва то рӯзи 31  ин моҳ, ки замони баргузории маросими хиттмомия аст, идома хоҳад дошт.

ورود نخستین شرکت‌کنندگان در مسابقات بین‌المللی قرآن ایران

Марҳалаи ниҳоии чилу якумин даври мусобиқоти байналмилалии қуръонии Ҷумҳурии Исломии Эрон бо ҳузури 57 қорӣ, мураттил ва ҳофизи кулл аз 27 кишвар баргузор мешавад. Ин дар ҳолест, ки қаблан дар марҳалаи муқаддамотии ин давр намояндагони 104 кишвар ширкат доштанд.

Ин мусобиқот дар гурӯҳи мардон дар се ришта — қироати таҳқиқ, қироати тартиб ва ҳифзи кулли Қуръони Карим ва дар гурӯҳи бонувон дар ду ришта — қироати тартиб ва ҳифзи кулл баргузор мегардад.

Намояндагони Эрон дар ин мусобиқот иборатанд аз:

• Сайидмуҳаммад Ҳусайнипур дар риштаи қироати таҳқиқ

• Муҳаммади Хокпур дар риштаи ҳифзи кулл

• Муҷтабо Қудбегӣ дар риштаи қироати тартибии мардон

• Фотима Далерӣ дар риштаи ҳифзи кулли бонувон

Ғазола Суҳайлизода дар риштаи қироати тартибии бонувон.

 

https://iqna.ir/fa/news/4261491

captcha