Ба гузориши ИКНА ва ба нақл аз сомонаи ахбори «Ал-Айн»-и Иморот, Умар Ҳабтур Ал-Даръӣ, дабири ҷоизаи улумҳои қуръонии «Ал-Таҳбир» гуфт: Ин мусобиқот ба таври маҷозӣ ва барои тамоми гурӯҳҳои синну солӣ баргузор мешавад ва шомили бахшҳои гуногуни тиловат ва таҷвид, зеботарин тартиб, мафоҳими қуръонӣ, азон, хитоба ва мусобиқаи фарҳангӣ, арзишҳои оила ва ғайра мебошад.
Ӯ афзуд: Шаҳрвандони Иморотӣ, атбоъи муқими ин кишвар, инчунин алоқамандони хориҷ аз Иморот метавонанд бо муроҷиат ба вебгоҳи «www.tahbeer.ae» тавассути пайванди мавҷуд дар сомона сабти ном кунанд ва пас аз пур кардани варақаи сабти ном, видеои иҷрои худро, ки набояд аз се дақиқа зиёд бошад, ирсол намоянд.
Ал-Даръӣ ёдовар шуд: Ҳамчунин, алоқамандон метавонанд тавассути рақами WhatsApp (+971545509914) видеои иҷрои худро дар бахшҳои гуногуни тиловат, таҷвид, мафоҳими қуръонӣ, зеботарин тартиб, азон ва ғайра ирсол кунанд.
Ӯ бо ишора ба ин ки дар мусобиқаи имсола бахши нави «арзишҳои оила» изофа шудааст, гуфт: Ҷоизаи «Ал-Таҳбир» фурсати мусоиде барои таҳкими ҳувияти миллӣ, фароҳам кардани шароити мусоид барои оилаҳо дар таълими қуръонӣ ба фарзандон, густариши арзишҳо ва рафторҳои саҳеҳ, радди ифротгароӣ ва таҳкими эҳтиром ба дигарон, инчунин, риояи усули ҳасана ва шаҳрвандии мусбат барои ҳар фарди ҷомеа аст.