Ба гузориши ИКНА, марҳилаи ниҳоии даври 41-уми мусобиқоти байналмилалии Қуръони Ҷумҳурии Исломии Эрон аз шоми якшанбеи 26-уми январ дар шаҳри Машаҳади муқаддас ва ба мизбонии Остонаи муттаҳари Ризавӣ оғоз шуда, то 31-уми ҳамин моҳ идома меёбад.
Маркази умури қуръонии Созмони авқоф ва умури хайрия барномаи умумии рӯзҳои баргузории мусобиқотро нашр кардааст. Бар асоси ин барнома, вақти баргузории маросими ифтитоҳия 26-уми январ аз соати 18:30 то 21:00 дар толори Қудси ҳарими муттаҳари Ризавӣ хоҳад буд.
Дар субҳи ҳамин рӯз, ҷаласаи ошноӣ бо ҳайати доварон баргузор мешавад, ки дар он доварон ва иштироккунандагон гурӯҳ-гурӯҳ аз маконҳои муқаддаси Остонаи муттаҳари Ризавӣ зиёрат ва боздид хоҳанд кард.
Мусобиқот аз субҳи душанбеи 27-уми январ оғоз мешавад. Бар асоси барномаи эълоншуда, бахши бонувон дар нимаи субҳ ва бахши мардон дар нимаи баъд аз зӯҳр ва шаб баргузор хоҳад шуд.
Мусобиқоти бонувон дар ду бахш – тиловат (қироати тартиб) ва ҳифзи комили Қуръони Карим баргузор мешавад ва аз рӯзи душанбеи 27-ум то чаҳоршанбе 29-уми январ, аз соати 8:30 то 11:30 дар толори Қудси ҳарими муттаҳари Ризавӣ идома меёбад. Вуруд барои ҳамаи бонувон озод аст.
Мусобиқоти бахши мардон дар се бахш – қироати таҳқиқ, қироати тартиб ва ҳифзи комили Қуръони Карим баргузор мешавад. Ин бахш аз соати 14:30 рӯзи душанбеи 27-уми январ оғоз шуда, то панҷшанбе 30-уми январ, аз соати 14:30 то 20:45 идома меёбад.
Рӯзи панҷшанбеи 30-уми январ, даври ниҳоии ду бахш – қироати таҳқиқ ва ҳифзи комили Қуръони Карим барои мардон баргузор мешавад.
Маросими хотимавии ин давр нимаи баъд аз зӯҳри ҷумъаи 31-уми январ баргузор хоҳад шуд. Дар тамоми рӯзҳои баргузории мусобиқоти бахши мардон, вуруд барои ҳамаи умум озод аст ва ҳамаи ин рӯйдод аз тариқи шабакаи Қуръон ва маорифи Симо ба таври зинда ва мустақим пахш мешавад.
Дар рӯзҳои мусобиқот барномаҳои иловагии дигар низ дар назар гирифта шудаанд. Аз ҷумла муҳимтарин онҳо маросими ғуборрӯбии ҳарими муттаҳари Ризавӣ мебошад, ки субҳи панҷшанбе 30-уми январ баргузор хоҳад шуд.
Яке дигар аз барномаҳои иловагӣ, ки рӯзи панҷшанбе 30-уми январ баргузор мешавад, мулоқоти иштироккунандагон, доварон ва масъулони мусобиқоти байналмилалии Қуръони Ҷумҳурии Исломии Эрон бо тавлияти Остонаи муттаҳари Ризавӣ мебошад.