Ба гузориши сомонаи расмии иттилоотии раёсати ҷумҳурӣ, Масъуди Пизишкиён дар ҷараёни сафари худ ба Русия дар гуфтугӯ бо шабакаи 1-и телевизиони Русия аҳамияти имзои созишномаи ҳамаҷонибаи стратегӣ байни ду кишвар ва барномаҳои Эрон ва Русияро барои таҳкими равобити мутақобила шарҳ дод.
Шарҳи гуфтугӯ чунин аст:
Савол: Мо медонем, ки бисёре аз кишварҳо сиёсати душманонае нисбат ба мо пеш гирифтаанд. Дар ин созишнома оё масъалаи дигаре, хусусан дар бахши иқтисодӣ, вуҷуд дошт, ки мехоҳед бештар таъкид кунед? Ҷавоб: Мо ин созишномаро дар се замина имзо кардем. Созишнома дорои 47 банди асосӣ буд:
Мо бояд ин ҳамкориҳоро, ки тамоми заминаҳоро, аз ҷумла фарҳангӣ, сиёсӣ, амниятӣ, илмӣ ва иқтисодӣ дар бар мегирад, амалӣ созем.
Савол: Дар шароите, ки ғарбиён, ба хусус Амрико, ҳамзамон бо таҳримҳои иқтисодии худ алайҳи Эрон, амалиёти террористии шахсиятҳои барҷаста, аз ҷумла генерал Сулаймониро анҷом медиҳанд ё меҳмони хориҷии шуморо, ки расман ба кишвари шумо сафар кардааст, террор мекунанд ва ҷомеаи ҷаҳонӣ на танҳо ин амалҳоро маҳкум намекунад, балки баръакс, Эронро ба ҳимоят аз терроризм муттаҳам мекунад. Чаро Ҷумҳурии Исломии Эрон ин қадар хештандорӣ кардааст ва посухи возеҳе ба ин иттиҳомот надодааст? Ҷавоб: Маълум аст, ки режими саҳюнистӣ ва Амрико, чӣ дар Ғазза ва чӣ дар Эрону Ироқ, бо баҳонаҳои дурӯғин, шахсиятҳо ва донишмандони моро террор мекунанд. Ҳоло ҳам мебинем, ки режими саҳюнистӣ аз 15 моҳи гузашта дар Ғазза, Лубнон ва Сурия бидуни риояи қоидаҳои байналмилалӣ бомбаборон ва террорро идома медиҳад ва Амрикову Аврупо ҳам ин амалҳоро қотеъона пуштибонӣ мекунанд.
Савол: Роҳбарони Исроил, ки иддао мекунанд Эрон зидди яҳудиён аст, дар таърих нишон дода шудааст, ки Эрон яҳудиёнро наҷот додааст. Имрӯз ҳам яҳудиён дар Эрон озодона зиндагӣ мекунанд, намояндаи худ дар порлумон доранд ва ибодатҳои худро анҷом медиҳанд. Назари шумо дар ин маврид чист? Ҷавоб: Шумо ин ҳарфҳоро бовар мекунед? Мо зидди ҳеҷ кас нестем. Мо танҳо бо зулму ҷиноят мухолифем ва намехоҳем манобеи кишварҳои фақир ғорат шаванд. Аз назари эътиқодӣ, ҳамаи адён аз Худо омадаанд ва мо онҳоро эҳтиром мекунем. Мо ба паёмбари худ, инчунин ба ҳазрати Мӯсо (а) ва ҳазрати Масеҳ (а) эътиқод дорем. Мо наметавонем зидди яҳудиён бошем, зеро паёмбари онҳо ҳазрати Мӯсо аст. Ҳамчунин, наметавонем зидди масеҳиён бошем, зеро ҳазрати Масеҳро паёмбари Худо медонем.
Ҷанҷол дар миёни адён нест, балки сари масоили дунявӣ аст. Ҳамаи адён мегӯянд, ки набояд бар зулм сар фуруд овард.
https://iqna.ir/fa/news/4261554