IQNA

Баргузории намози ҷумъа дар харобаҳои масҷиди таърихии Ғазза

Садҳо фаластинӣ барои баргузории намози ҷумъа дар харобаҳои масҷиди таърихии Умарӣ ҷамъ омаданд.

18:57 - January 25, 2025
рақами хабар: 2774
ИКНА - Ба гузориши Ал-Ҷазира, пас аз 15 моҳи ҳамлаҳои бетаваққуфи режими ҷинояткор ва кӯдаккуши саҳюнистӣ ба Навори Ғазза, рӯзи гузашта садҳо намозгузори фаластинӣ дар макони масҷиди таърихии Умарӣ ҷамъ омаданд, то намози ҷумъаро баргузор кунанд. Созиши оташбас байни Ҳамос ва Исроил субҳи якшанбеи гузашта ба иҷро даромад.

Пеш аз баргузории намоз, маросими ҷанозаи Руҳӣ Муштаҳӣ, узви дафтари сиёсӣ ва раҳбарияти Ҳаракати Муқовимати Исломӣ (Ҳамос), ва Сомӣ Уда, раиси хадамоти амнияти умумии Ҳамос, баргузор шуд. Ҷасадҳои ин ду масъули Ҳамос пас аз иҷрои созиши оташбас кашф шуданд.

Нозирон бар ин назаранд, ки маросими ҷаноза, ки бо ҳузури аъзои Бригадаҳои Қассом (шохаи низомии Ҳамос) баргузор шуд, паёми рӯшане ба режими ҷинояктор ва кӯдаккуши саҳюнистӣ мерасонад, ки Ғазза ҳамоно пас аз ҷанг таҳти назорати Ҳамос қарор дорад.

Фаластиниён бори аввал пас аз ҷанги Ғазза, намози ҷумъаро дар фазои ором баргузор карданд ва садои дуо ва тиловати Қуръон ҷойгузини садои ҳавопаймоҳо ва таркишҳо шуд.

Ин манзара дар манотиқи гуногуни Навори Ғазза такрор шуд, ки дар он фаластиниён намози ҷумъаи худро дар харобаҳои масҷидҳо ва хонаҳои вайроншуда баргузор карданд. Ба муддати 15 моҳ, фаластиниён ба сабаби ҳамлаҳои густардаи заминӣ ва ҳавоии саҳюнистҳо аз баргузории намозҳои ҷамоат ва ҷумъа маҳрум буданд.

Дар 19 январ, созиши оташбас байни Ҳамос ва Исроил бо миёнҷигарии Қатар, Миср ва Иёлоти Муттаҳида ба иҷро даромад, ки марҳилаи аввалаш барои 42 рӯз идома хоҳад кард ва дар ин муддат гуфтугӯҳо барои оғоз кардани марҳилаи дуюм ва сипас марҳилаи сеюм оғоз мешавад.

https://iqna.ir/fa/news/4261653

captcha