IQNA

Ҷанги Ғазза гувоҳи беэътиноии ғарб ба ҳуқуқи башар аст

13:49 - January 26, 2025
рақами хабар: 2776
ИКНА - Намояндаи доимии Русия дар ҷаласаи Шӯрои Амнияти Созмони Милали Муттаҳид бо ишора ба куштори беш аз 14 ҳазор кӯдаки фаластинӣ тавассути Исроил дар Ғазза, гуфт: Нодида гирифтани куштори кӯдакон дар Ғазза аз ҷониби Исроил, ба хубӣ беэътиноии кишварҳои ғарбӣ нисбат ба ҳимояи ҳуқуқи башарро нишон медиҳад.

Ба гузориши ТоҷикПресс, Василий Небензя, намояндаи доимии Русия дар Созмони Милали Муттаҳид, таъкид кард, ки кишварҳои ғарбӣ чашмони худро ба рӯи куштори кӯдакон дар Ғазза бастаанд ва масъулони ин амалҳоро ба посухгӯӣ ба ин ҷиноят даъват намекунанд ва ин беэътиноии воқеии ғарб нисбат ба ҳимояи ҳуқуқи башарро нишон медиҳад.

Небензя шаби гузашта дар ҷаласаи Шӯрои Амнияти Созмони Милали Муттаҳид, ки бо дархости Русия дар бораи расидагӣ ба вазъияти кӯдакон дар Ғазза ташкил шуда буд, гуфт: “ҷолиб ин аст, ки аврупоиҳое, ки худро ҳомиёни ҳуқуқи башар меҳисобанд, то имрӯз ҳам хоҳиши посухгӯии касоне, ки кӯдаконро дар Ғазза мекӯшанд, накардаанд. Илова бар ин, баъзе аз ин кишварҳо ҳатто ирсоли аслиҳа ба Исроилро қатъ накардаанд. Ҷанг дар Ғазза воқеан ҳамчун озмоише буд, ки ҳақиқати воқеии ғарб нисбат ба ҳимояи ҳуқуқи башарро ошкор кард.”Небензя ёдовар шуд, ки шумораи умумии кӯдакони фаластинӣ, ки дар давоми ҷанг кушта шудаанд, ҳадди ақалл ба 14 ҳазору 500 нафар мерасад. Ба қавли ӯ, ба таври миёна, ҳар моҳ тақрибан 475 кӯдак аз сабаби истифода аз аслиҳаҳои тарканда дар Ғазза ба таври вазнин захмӣ мешаванд. Ӯ инчунин ҳушдор дод, ки ҳатто агар муборизаи Ғазза ва Исроил ҳоло ба поён расад, хатари марг ва захмӣ шудани кӯдакони Ғазза то ҳадди ақалл 14 соли дигар боқӣ хоҳад монд, зеро ин муддат барои тоза кардани минтақа аз муҳиммоти таркнашуда зарур аст.

Намояндаи доимии Русия дар СММ ба ин воқеият ишора кард, ки ҳатто кӯдаконе, ки аз ин муборизаҳо ҷони саломат ба дар бурдаанд, наметавонанд ҳамчун ҳамсолони худ дар минтақаҳое, ки зери таъсири ҷанг нестанд, зиндагии одӣ дошта бошанд, зеро барои оромӣ ва тармими равонӣ пас аз воқеаҳои ҷангӣ ба муддати тӯлонӣ ниёз хоҳанд дошт.

”Пеш аз ин низ Василий Небензя таъкид карда буд, ки оташбас дар Ғазза бояд ҳамчун амали ибтидоӣ дар роҳи ҳалли муддати тӯлонӣ дар назар гирифта шавад. Вай инчунин ёдовар шуд, ки Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, то имрӯз бо истинод ба дипломатияи ба ном “хомӯш” -и худ, ҳамаи талошҳои худро кардааст, то Шӯрои Амният монеъ аз амалҳои низомии Исроил дар минтақа нашавад.

https://tajikpress.com/2025/01/25/

captcha