Ба гузориши ТоҷикПресс, вебгоҳи хабарӣ “Кан” дар баёни ҷузъиёте аз тактикаи Ҳамос барои нигоҳдорӣ ва ҷо ба ҷоии асирони саҳюнистӣ дар тӯли 15 моҳи ҷанг дар Ғазза эълон кард, ки Ҳамос барои амнияти бештар ва ошкор нашудани макони пинҳонии асирон, доимо макони онҳоро тағйир медод ва ин афрод монанди занҳои фаластинӣ дар минтақаҳои гуногун ҷо ба ҷо мешуданд.
Чор зани исроилӣ, ки дирӯз озод шуданд, эълон карданд, ки дар канори як асири зани дигар буданд, ки ҳанӯз дар ихтиёри Ҳамос аст.
Шабакаи “Кан” бо иқтибос аз ин асирон илова мекунад, ки дар рӯзҳои аввали асорат, як марди пирсол ҳамроҳи онҳо будааст, ки аз онҳо ғамхорӣ мекарда ва барои онҳо ғизо таъмин мекардааст.
Ин манбаи расмии саҳюнистӣ илова мекунад, ки унсурҳои Ҳамос асирони саҳюнистиро ҳамеша ҷо ба ҷо мекарданд ва либоси занони фаластиниро бар онҳо пӯшониданд. Ин асирони зан дар давраи асорати худ ҳарф задан бо забони арабиро омӯхтаанд.
Дар амалиёти мубодилаи гузаштаи режими саҳюнистӣ бо асирони фаластинӣ, ки сол гузашта анҷом ёфт, шуморае аз асирони саҳюнистӣ муколамаҳои тундеро зидди ҳокимияти режими саҳюнистӣ анҷом доданд ва дар бораи меҳрубонию раҳми унсурҳои муқовимат бо асирон матолиби зиёдеро пеш кашиданд. Ба ҳамин сабаб, асирони саҳюнистӣ дар давраҳои нав манъу-л-муколама ҳастанд ва матолиби пешниҳодшуда бо иқтибос аз онҳо бо филтри расмияҳои саҳюнистӣ баён мешавад.
https://tajikpress.com/2025/01/26/