Чанд моҳ пеш (16 октябри 2024), режими палид ва ҷинояткори саҳюнистӣ бо террори “Яҳё Синвор”, раиси дафтари сиёсӣ дар ҷунбиши Ҳамос дар Навори Ғазза, талош кард бо намоиши пирӯзмандона достони муваффақияти худро таҳия кунад.
Ҳарчанд пас аз нашри видео аз тарзи шаҳодати “Абу Иброҳим” ва ошкор шудани ҷанги сахти ӯ бо ишғолгарон то нафаси охир, ин иддао зери шубҳа рафт. Аз сӯи дигар, дурӯғҳои режими ҷинояткор ва кӯдаккуши саҳюнистӣ дар як соли қатли омми мардуми мазлум дар Навори Ғазза, ки мегуфтанд фармондеҳони Ҳамос аз тарс дар зери нақбҳо пинҳон шудаанд ва мардумро қурбонӣ мекунанд, барои ҷаҳониён ошкор шуд.
Дирӯз ин режим маҷбур шуд даҳҳо асиреро озод кунад, ки ҳар кадоме имкони табдил шудан ба афсонаҳои ҷадиди муқовиматро доранд.
470 рӯз, Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири режими кӯдаккуш ва ҷинояткори саҳюнистӣ, аз қабул кардани созиши оташбас ва мубодилаи асирон худдорӣ мекард. Ӯ умедвор буд, ки бо бомбборони мардуми мазлуми Ғазза асирони исроилӣ низ кушта шаванд, то маҷбур нашавад мардон, занон ва кӯдакони далери фаластиниро дар чорчӯби мубодилаи асирон озод кунад.
Нетаняҳу хуб медонист, ки садҳо нафар ба мисли Яҳё Синвор, Солеҳ Арурӣ ва Исмоил Ҳанияро дар асорат дорад. Ҳатто бо вуҷуди қатли омм дар Навори Ғазза, модарони фаластинӣ дар гӯши кӯдаконашон аз муқовимат мехонанд.
Мубодилаи асирон ва тарси Исроил
Тасвирҳое, ки дирӯз (шанбе) аз мубодилаи 4 асири низомии исроилӣ бо 200 асири фаластинӣ (маҳкум ба ҳабси абад ва ҳукмҳои сангин) нашр шуданд, нишон доданд, ки ин тарсҳои Нетаняҳу бемаънӣ набудааст. Ҳатто бадарға кардани 70 нафар аз ин муборизони далер ба Қоҳира барои дур нигоҳ доштанашон аз Исроил бенатиҷа буд.
Дар як гӯша модари фаластинӣ бар сари ҷангҷӯёни “Катоиби Қассом” гул мепошид. Дар гӯшаи дигар, модаре кӯдаки ширхораашро болои мотосикли як муборизи фаластинӣ нишонда буд, то зери парчами муқовимат аз ӯ акс гирад ва ба ӯ биомӯзад, ки ӯ дар замини шерон аст.
Эҳтиром ба қудрати Ҳамос ва идомаи муқовимат
Маросими супурдани чор асири исроилӣ ба намояндагони Салиби Сурх дар миёни шодии сокинони Навори Ғазза ва тафсилоти ҷолиби он боис шуд, ки ҳатто расонаҳои ғарбӣ ин ҳодисаро ҳамчун нишонаи идомаи ҳукмрониву қудрати Ҳамос дар Навори Ғазза донанд.
Шабакаи амрикоии CNN иқрор кард, ки амалиёти супурдани сарбозони исроилӣ бо либоси низомӣ дар маркази шаҳри Ғазза «муназзамтарин» иқдоми Ҳамос то кунун буд ва «ин ҷунбиш талош дорад нишон диҳад, ки то андозае бар Навори Ғазза ҳоким аст».
Паёми асирони озодшуда
Пас аз намоиши қудрати ҷунбишҳои Ҳамос ва Ҷиҳоди Исломӣ дар маросими супурдани асирони исроилӣ, акнун навбати озодшудагони фаластинӣ буд, ки ҳангоми озодӣ дубора ба душмани исроилӣ нишон диҳанд, ки аз муқовимат даст нахоҳанд кашид ва қадршиноси шуҷоатҳои муборизони худ ҳастанд.
https://tajikpress.com/2025/01/26/