Маросими ифтитоҳияи 41-умин давраи мусобиқоти байналмилалии Қуръони Ҷумҳурии Исломии Эрон имрӯз, бо ҳузури раиси Дафтари Раҳбари муаззами инқилоб ва дабири Шӯрои олии инқилоби фарҳангӣ баргузор хоҳад шуд.
Ба гузориши ИКНА, ин маросим имрӯз дар шаҳри муқаддаси Машҳад, аз соати 18:30 то 21:00 дар Толори Қудси ҳарамии муқаддаси Разавӣ баргузор мегардад.
Аз ҷумлаи барномаҳои пешбинишуда дар ин маросим метавон ба суханронии Ҳуҷҷатул-ислом Муҳаммадии Гулпоягонӣ, раиси Дафтари Раҳбари муаззами инқилоб; Аҳмад Муровӣ, тавляити Остони Қудси Разавӣ ва Абдулҳусайни Хусравпаноҳ, дабири Шӯрои олии инқилоби фарҳангӣ ишора кард.
Ин маросим бо суханронии Ҳуҷҷатул-ислом вал-муслимин Сайидмаҳдии Хомӯшӣ, раиси Созмони авқоф ва умури хайрия, ва тиловати Ҳодии Асфидонӣ, қории байналмилалии кишвари Эрон ва нафари аввал дар давраи гузашта оғоз мешавад. Ҳамчунин, иҷрои ин маросимро Аббос Салимӣ, пешқадами қуръонӣ ва Аҳмад Наҷаф, фаъоли қуръонӣ ва муҷрии шинохташудаи арабзабон ба ӯҳда хоҳанд дошт.
Аз дигар барномаҳои ин маросим метавон ба иҷрои гурӯҳи мадеҳасароӣ ва ҳамхонии Имом Ризо (а) ва ҳамчунин шеърхонӣ аз сӯи яке аз шоирони ойинии кишвар ишора кард.
Ин маросим ба сурати зинда ва мустақим аз шабакаи Қуръон ва маорифи Симо пахш мешавад.
Ҳамчунин, хонандагони ИКНА метавонанд ахбори марбут ба ин рӯйдодро дар парвандаи вижаи хабарии 41-умин давраи мусобиқоти байналмилалии Қуръон дар Ҷумҳурии Исломии Эрон пайгирӣ кунанд. Матолиб низ дар шабакаҳои иҷтимоии ИКНА бо нишонии @iqnanews қобили дидан аст.