Ба гузориши ИКНА, ба нақл аз Ал-Мушоҳид, ӯ дар суҳбаташ гуфт: «Ман намояндаи Яман дар мусобиқоти қуръонии «Тиҷон Ан-Нур» будам, ки ҳафтаи гузашта дар Доҳа, пойтахти Қатар, баргузор шуд».
Ал-Маҳдӣ афзуд: «Марҳилаи аввали ин мусобиқа ба фиристодани порчаҳои овозӣ аз Яман ба кумитаи доварони мусобиқот дар Қатар ихтисос дошт. Ман дар рақобат бо ҳамсолони худ дар дохили Яман пирӯз шудам ва ҳамчун намояндаи Яман ва Ҷамъияти хайрияи ҳифзи Қуръон, вобаста ба ҷамъияти “Ҳоил Саид Анъам”, барои ин мусобиқот интихоб шудам».
Ин кӯдаки яманӣ зикр кард: «Кумитаи доварон аз ман хост, ки барои ширкат дар марҳилаи ниҳоии мусобиқот ба Доҳа равам. Ин рақобатҳо бо ҳузури густардаи кӯдакон аз кишварҳои арабӣ ва исломӣ баргузор шуд».
Ӯ мусобиқоти Қатарро сахту печида тавсиф намуда, гуфт: «Ман тавонистам бо ба даст овардани мақоми аввал, номи кишварамро дар байни дигар кишварҳои ҷаҳон баланд бардорам».
Дар ҳамин замина, Маҳмуд Ал-Маҳдӣ, падари Аввоб, гуфт, ки писараш аз кӯдакӣ ба омӯзиши илм алоқаманд буд ва садои хубе дошт. Ҳангоми ҳаштсолагӣ ба ҷамъомадҳои ҳифзи қуръони Ҷамъияти хайрияи Ҳоил Саид дар шаҳри Таиз мерафт.
Ӯ афзуд: «Илова ба ҳифзи Қуръон, истеъдоди садои писарам дар иҷрои сурудҳои исломӣ ошкор шуд ва ӯ борҳо дар мусобиқоти ҳифзи Қуръон ва сурудҳои динии исломӣ мақомҳои болоро ба даст овардааст».
Лозим ба ёдоварист, ин кӯдаки яманӣ аз вилояти Таиз буда, 13 сол дорад. Ӯ албомҳои сурудҳояшро бо унвонҳои اذا صفا النهر (Вақте рӯдхона зулол шавад), «یا عید» (Эй ид), «رباه ان العمر یمضی» (Эй Худо, умр мегузарад) ва «فی هدی الاسلام» (Дар ҳидояти Ислом) пешниҳоди мухлисон намудааст.
Мусобиқаи байналмилалии қуръонии «Тиҷон Ан-Нур», ки аз рақобатҳои махсус барои кӯдакон ва наврасони духтару писар дар ҷаҳон мебошад, тавассути шабакаи телевизионии Ҷими Қатар баргузор мешавад.
Ин рақобатҳо барои кашф ва парвариши истеъдодҳои қуръонӣ аз тамоми ҷаҳон баргузор мешаванд. Давраи нави ин мусобиқот моҳи Рамазони имсола аз телевизиони Ҷими Қатар пахш хоҳад шуд.