IQNA

Поёни рӯзи дуюми рақобати бонувон дар мусобиқоти байналмилалии Қуръон

22:02 - January 28, 2025
рақами хабар: 2790
ИКНА - Рақобати бонувон дар рӯзи дуюми 41-умин давраи мусобиқаҳои байналмилалии Қуръони Ҷумҳурии Исломии Эрон имрӯз, дар толори Қудси Ҳарами Мутаҳҳари Ризавӣ ба анҷом расид.

Поёни рӯзи дуюми рақобати бонувон дар мусобиқоти байналмилалии ҚуръонБа гузориши ИКНА аз Хуросони Разавӣ, рақобати бонувон дар рӯзи дуюми ин мусобиқаҳо, ки аз соати 8:30 субҳи имрӯз оғоз гардида буд, соати 11:30 ба анҷом расид.

Дар ин бахши мусобиқаҳо Заҳро Қорот аз Лубнон дар риштаи ҳифзи кулл, Ғазола Саҳилизода аз Эрон дар риштаи тартиил, Ба Заҳро аз Соҳили Оҷ дар риштаи ҳифзи кулл, Фотима Бинта Ҷало аз Сенегал дар риштаи ҳифзи кулл, Нуралҳудо Муфид Маҷид Ҳамид аз Ироқ дар риштаи тартиил, Мутаххара Лабиба аз Бангладеш дар риштаи ҳифзи кулл ва Оиша Муҳаммад Абдулмутталиб аз Нигерия дар риштаи тартиил ба тиловат пардохтанд.

Ёдовар мешавем, ки рақобати иштирокчиён дар бахши бонувон дар риштаҳои қироати тартиил ва ҳифзи кулли Қуръон аз 8-ум то 10-уми баҳман, субҳҳо ва дар бахши мардон дар се риштаи қироати таҳқиқ, қироати тартиил ва ҳифзи кулли Қуръон аз 8-ум то 11-уми баҳман, баъд аз зӯҳр дар толори Қудси Остони Қудси Ризавӣ баргузор мешавад.

https://khorasan.iqna.ir/fa/news/4262248

captcha