Муҳаммад Алӣ Ҷобин, довари мусобиқаҳои байналмилалии Қуръон аз Ҷумҳурии Арабии Миср, ки дар бахши доварии 41-умин давраи мусобиқаҳои байналмилалии Қуръон дар Машҳад ширкат кардааст, дар гуфтугӯ бо ИКНА изҳор дошт: пештар низ ду бор барои доварии мусобиқаҳои байналмилалии Қуръон ба Эрон сафар кардааст. Ӯ гуфт: "Ҷумҳурии Исломии Эрон таваҷҷуҳи хоссе ба Қуръон ва масоили қуръонӣ ва баргузор кардани мусобиқаҳои Қуръони Карим дорад, то ҷавононро ба ҳифзи Қуръон ва амал ба дастуроти он ташвиқ кунад. Иншоаллоҳ, ки ин мусобиқаҳо самарабахш хоҳанд буд."
Ӯ дар посух ба саволе дар бораи баргузории марҳилаи муқаддамотии мусобиқаҳо ба таври маҷозӣ ва марҳилаи ниҳоӣ ба таври ҳузурӣ ва таъсири он ба фаъолияти ширкаткунандагон гуфт: "Ин усули баргузории мусобиқаҳо боис мешавад, ки мушкилоти баргузорӣ коҳиш ёбад ва вақти камтаре барои ин кор ҷудо шавад. Ҳамчунин, шумораи бештари ширкаткунандагон имконият хоҳанд дошт, то дар ин мусобиқаҳо ширкат кунанд. Истифодаи технологияи навин дар баргузории мусобиқаҳои қуръонӣ таъсири мусбат барои ширкаткунандагон ва баргузоркунандагони мусобиқаҳо хоҳад дошт. Иншоаллоҳ, нафароне, ки шоиста ва сазовор ҳастанд, метавонанд ҷойҳои беҳтаринро ба даст оваранд."
Довари байналмилалии Қуръони Карим дар бораи сатҳи доварии мусобиқаҳои байналмилалии Эрон гуфт: "Доварии ин мусобиқаҳо ба таври муназзам ва бо барномарезии дақиқ анҷом шудааст ва тамоми қисматҳо ва айёмҳое, ки ширкаткунандагон бояд онҳоро риоя кунанд, дар назар гирифта шудааст. Намуди созмондиҳии доварии мусобиқаҳо ба гунае аст, ки ба ширкаткунандагон имкон медиҳад, то холҳое, ки ҳаққи онҳо аст, ба даст оваранд. Ман умедворам, ки дар тамоми мусобиқаҳои байналмилалии Қуръон низ ба ҳамин шакли дақиқ барои доварии мусобиқаҳо барномарезӣ шавад."
Ӯ, бо истиқбол аз баргузории ин давраи мусобиқаҳо дар шаҳри муқаддаси Машҳад, дар бораи пайвандҳое, ки байни қориёни мисрӣ бо маҳфилҳои қуръонӣ дар Эрон вуҷуд дорад, таъкид кард: "Ин робитаҳо аз гузашта вуҷуд доштаанд ва бояд ҳамчунон идома ёбанд, зеро Қуръон чун як қонуни асосӣ барои мусулмонон аст."